Арест, архивное фото

Барқдуздонро ҷустанду кушторро ошкор карданд: хабари ҳайратангези ВКД

4184
(Таҷдидшуда 12:04 20.02.2021)
Дар Тоҷикистон барои ошкор кардани дуздии барқ ​​гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуданд, аммо ин рейдҳо ҷиноятҳои дигарро низ ошкор карданд

ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ҷустуҷӯи афроди барқдузд ​​натиҷаҳои ғайричашмдошт овард.

Вай хотиррасон кард, ки бинобар камбуди об дар Тоҷикистон, ки дар таъмини барқ ​​мушкилот пеш овард, дар ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ барои муайян кардани дуздии нерӯи барқ ​​ташкил карда шуданд.

Аз 10 декабри соли 2020 бисёр ҳолатҳои дуздии нерӯи барқ ​​муайян карда шуданд, ки дар маҷмӯъ тақрибан 250 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Аммо ба ҷуз дуздии нерӯи барқ, дигар ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо низ ошкор карда шуданд.

"Аз ҷумла, шахсони дар ҷустуҷӯбуда боздошт шуданд, якчанд далели куштор ошкор гардид. 52 далели истифодаи ғайриқонунии таҷҳизоти барқӣ барои истихроҷи криптоасъор ошкор ва 14 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд", - гуфт Раҳимзода.

Душанбе: дуздии барқ барои пухтани самбуса

Сардори ВКД дар бораи ҷиноятҳои дар вақти рейдҳо ошкоргардида тафсилоти бештар надод.

4184
Барчаспҳо:
барқдуздӣ, куштор, ҷиноят, ВКД
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ошкор шудани қаллобии марди 29 - сола: 66 ҳазор сомониро гирифту "Киа" нахарид

295
(Таҷдидшуда 19:06 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ошкор шудани қаллобии марди 29- сола хабар медиҳад, ки мардеро фиреб карда 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард сокини ноҳияи Рудакиро фиреб дода 66 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроиҷат кардааст.

Ба гуфти ӯ, ҳодиса моҳи августи соли 2020, дар ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми дар назди маркази савдои "Рӯдакӣ Плаза" қарор доштанаш марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Мард ваъда додааст, ки бар ивази пулаш ба ӯ як худрави тамғаи "Киа" оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

295
Барчаспҳо:
ҷиноят, ошкоршавӣ, ошкор, ВКДҶТ, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

Зодаи Тоҷикистонро дар Петербург барои кумак ба террористон равонаи зиндон карданд

167
(Таҷдидшуда 14:36 03.03.2021)
Як зодаи Тоҷикистон, ки чун муҳоҷири корӣ дар қаламрави Русия қарор дорад, ба ҳамватани худ барои пайвастан ба ҷангиёни Сурия кумак кардааст

ДУШАНБЕ, 3 март - Sputnik. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба фаъолияти як созмони террористӣ айбдор мекунад, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Маълум шуда, ки зодаи Тоҷикистон О.Соатов ҷонибдори ҳаракати радикалӣ будааст.

Муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳамватани худ А.Тошев дар масъалаи интиқолаш ба Сурия кумак кардааст.

Маълум шуда, ки Тошев ба созмони террористие, ки дар ҷангҳои Сурия алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ иштирок мекунад, пайвастанӣ буд.

Ҳамин тариқ, Соатов дар ҷамъоварии маблағ барои як ҳамхидматаш кумак кард, ки бо он маблағ Тошев бояд билети ҳавопаймо мехарид.

Ғайр аз он, шахси боздоштшуда бо як корфармои як созмони террористӣ робитаи пинҳонӣ пешниҳод кардааст, то дар сурати боздошти Тошев осори иртиботи мустақим намонад.

Маълум мешавад, ки худи Тошев моҳи сентябри соли 2020 дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав ҳангоми кӯшиши парвоз ба Туркия барои сафари минбаъда ба Сурия боздошт шудааст.

Нисбати ин мард барои ширкат дар фаъолияти як созмони террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ва танҳо баъдтар, мақомоти тафтишот шарики ӯро муайян карданд ва Соатовро низ дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд. Ҳамин гуна парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ боз шудааст.

Тафсилоти нав дар қазияи муҳоҷире, ки зани ҳомила ва хусурашро кушт: қарздор буд

Ҳоло додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург Соатовро ба мӯҳлати ду моҳ ҳабс кардааст.

167
Барчаспҳо:
айбдорӣ, зода, Русия, Тоҷикистон
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон