Халқи тоҷик дар шаҳри Душанбе

"Халқ чӣ мехоҳад?" аз забони номзадҳои президентии Тоҷикистон

516
Маъракаи таблиғотии интихоботи президентии Тоҷикистон ба охир мерасад. Sputnik Тоҷикистон номзадҳо ба мақоми президентӣ ва ашхоси боэътимоди онҳоро дар гӯшаву канори мухталифи кишвар пайдо кард ва аз онҳо пурсид: мардум чӣ мехоҳад?

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистонро мо дар Хоруғ пайдо кардем. Вай гуфт, бо иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва намояндагони номзадҳои дигар аз сафари ноҳияи Ванҷ ба маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаанд ва ҳоло ба мулоқот бо интихобкунандагон омодагӣ мебинад.

“Мулоқотҳо дар сатҳи баланд мегузаранд. Интихобкунандагон, бахусус дар кӯҳистон, ба интихобот таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Хилофи интизориҳо онҳо хеле фаъол шудаанд. Он чӣ аз мо беш аз ҳама мепурсанд, ба барномаи мо, бахусус масоил ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ рабт дорад. Масалан, мехоҳанд, ки деҳқонон дастгирӣ ёбанд, аз ҷумла фоизҳои бонкӣ барои онҳо қобили қабул бошад”, - гуфт Рустам Латифзода.

Қарзҳои бонкӣ

Вақте бо Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ тамос гирифтем, ӯ дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон буд. Вай мегӯяд, номзадҳоро дар навоҳӣ хеле бо гармиву шукуҳ истиқбол мекунанд.

“Соҳибкорон мехоҳанд, ки фоизи қарзҳо поён бошад, то соҳибкорӣ рушд кунад. Ҷавонон масъалаи дастрасӣ ба манзил ва таъмини онҳо бо коррро матраҳ мекунанд. Талаби мардум он чизе аст, ки мо дар барномаи пешазинтихоботии худ дарҷ кардаем”,  - гуфт Рустам Раҳматзода.

Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади Ҳизби коммунист низ ба ҳангоми тамоси мо дар Хатлон, аммо ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ қарор дошт. Вай гуфт, мулоқотҳо дар сатҳи баланди сиёсиву шароити мусоид, толорҳои пур, ки ҳатто ҷой намерасад ва дар шароити пандемияи “вируси корона” бо риояи қавоиди беҳдоштиву фосилаи иҷтимоӣ баргузор мешаванд.

“Мардумро бештар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ба ташвиш овардаанд. Онҳо аз таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, мушкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фоизи баланди қарзҳои бонкӣ суҳбат мекунанд”, - гуфт Мироҷ Абдуллоев.

Сулҳу субот

Аброр Мирсаидов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шахси мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раис ва номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ пас аз мулоқоташ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат кард. Вай гуфт, аз даҳҳо мулоқоту суҳбат бо мардум як нуктаро дарк кардааст, ки онҳо қабл аз ҳама хоҳони сулҳу субот дар кишвар ҳастанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

“Сулҳу субот ва оромӣ ба ғояи миллӣ табдил ёфтааст. Ҳама – мардон, занон, ҷавонон, соҳибкорон аз ин ки шабу нимишаб озоду амн дар кӯча мегарданд, кори тиҷоратӣ мекунанд, розиянд. Сулҳу субот як ғояи миллӣ шудааст. Ин ғояи боркардашуда нест, ҳазмшуда аст. Мардум ноамниҳои солҳои 1990 – ро фаромӯш накардаанд. Аҳамияти ҳамин мавзуъро дарк намудаанд. Мегӯянд, кафили сулҳу субот ҳамин президенти амалкунанда аст”, - гуфт Аброр Мирсаидов.

Маоши муаллим

Бо Абдуҳалим Ғаффоров, раис ва номзади Ҳизби сотсиалист тавонистем пас аз анҷоми мулоқоташ дар Хоруғ тамос гирем. Вай гуфт, интихобкунандагон бо як дилгармӣ ва орзуҳои нек барномаи номзадҳоро писандида, мехоҳанд, ки ҳар касе президенти ояндаи Тоҷикистон мешавад, ин барномаҳоро якҷо карда, татбиқ намояд.

“Имрӯз мардуми шарафманди Бадахшони Кӯҳӣ моро дар толори беҳтарини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев қабул намуда, дарк карданд, ки чунин ҳамдигарфаҳмии аҳзоби сиёсӣ боиси рушду такомул ёфтани Тоҷикистон мегардад. Онҳо мехоҳанд, сулҳу озодӣ, рушд бошад. Мепурсанд, ки барномаатонро амалӣ карда метавонед, наметавонед. Бунёд кардани заводу фабрикаҳои калонро мехоҳанд, то сафи муҳоҷирони меҳнатиро кам карда, аз қуввату тавони онҳо барои рушди кишвар истифода шавад”, - гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.

Раиси Ҳизби сотсиалист гуфт, дар ҳама мулоқотҳое, ки дар саросари кишвар дошт, аз ӯ мепурсанд, маоши омӯзгорро чӣ тур мешавад зиёд кард.

“Ман ба онҳо мегӯям, воқеаҳои солҳои 1990 ба кишвар 10 миллиард доллар зарари моддӣ расонд. Ҳоло маҷмӯӯи маҳсулоти дохилии мо ба 87 миллиард 400 миллион сомонӣ расидааст. Он зарари моддии ҷанги дохилӣ ҳанӯз пӯшонда нашудааст. Ҳамин ки иқтисод қавӣ шуд, маоши муаллим ҳам боло бурда мешавад”, - гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.

Маъракаи таблиғотии имсоли интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 15 сентябр шурӯӯъ шуда буд, то як рӯзи қабл аз рӯзи интихобот идома хоҳад кард.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад.

516
Барчаспҳо:
халқи тоҷик, номзадҳо, Тоҷикистон
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

244
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

244
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2517
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2517
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

0
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон