Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо нозирони ИДМ

281
(Таҷдидшуда 14:51 10.10.2020)
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши шаҳрдорӣ, сарварии ҳайъатро - раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ, Олег Мелниченко бар ӯҳда дорад.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Марҳилаи муҳими рушди ҷараёни назорати байналмилалии интихобот дар кишварҳои ИДМ тасдиқи "Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ" аз ҷониби кишварҳо-иштирокчиёни Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2003 ҳамроҳ мебошад.

Таъкид шуда, ки таҷрибаи Ассамблеяи байнипарламентӣ шурӯъ аз соли 1994 дар анҷоми мониторинги интихобот бахши муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.

10 нуқтаи ҷолибтарини интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон

Дар мулоқот изҳори боварӣ гардидааст, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихобот бидуни ягон шак ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат мекунад.

281
Барчаспҳо:
президент, интихобот, Тоҷикистон
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

257
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

257
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2633
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2633
День 31 октября

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:57 30.10.2020)
Рӯзи 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо ва Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ мебошад. Ҳамзамон ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Баҳри сиёҳ ҳисобида мешавад

Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.

Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

Люди в защитных масках на улице
© REUTERS / CARLOS GARCIA RAWLINS
Люди в защитных масках на улице

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Соли 2012 тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.

Соли  2011 дар шаҳри Порис масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

День 29 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.

  • Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
  • Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
  • Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

     

Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.

Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон