Миссия наблюдателей СНГ на возложении цветов к Мемориалу Победы

Нозирони ИДМ ба лавҳаи ёдгории "Боғи Ғалаба"-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

120
(Таҷдидшуда 18:24 10.10.2020)
Ҳайати нозирони ИДМ, ки ба он Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои Федератсияи Русия ва ғайра шомил ҳастанд, кори худро дар Тоҷикистон идома доранд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ як рӯзи фаъолияташро дар Тоҷикистон анҷом доданд.

Субҳи имрӯз нозирон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дидору мулоқот кард.

Ҳамзамон нозирони хоориҷӣ аз ИДМ бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода низ мулоқот анҷом доданд.

Интихобот-2020: ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия

Сипас меҳмонони хориҷӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ ба лавҳаи ёдгории "Боғи Ғалаба" - и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот имзоҳои зарурӣ ҷамъ карданд

Инчунин, имрӯз пеш аз маросими интихоботи президентӣ нозирони хориҷӣ қарор аст аз штабҳои номзадҳо ба курсии президент дидан намоянд.

120
Барчаспҳо:
нозирон, гузоштани гулчанбар, гулчанбаргузорӣ, боғи Ғалаба, Шӯрои Федератсия, ИДМ
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

249
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

249
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2521
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2521
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов

Коршинос дурнамои ифтитоҳи парвозҳо байни кишварҳои ИДМ-ро арзёбӣ кард

0
Муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Авиапанорама”, генерал-майор, Ҳавонаварди шоистаи ҳарбии Федератсияи Россия, номзади илмҳои техникӣ Владимир Попов гуфт, ки фурудгоҳҳои кишварҳои ИДМ баро кушодани ҳаракати ҳавоӣ то куҷо омодаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Попов гуфт, ки эҳёи парвозҳо дар дохили ИДМ дурнамои рафъи бӯҳрон дар нақлиёти ҳавоиро боз мекунад.

Владимир Попов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Танҳо манъ кардан, бастани марзҳо лозим нест, бояд назорат ва сармоягузорӣ кард, то амнияти умумиҷаҳониро таъмин кунед". Ба гуфтаи мутахассис, вазъи мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дубора барқарор карда шавад, зеро ташхиси коронавирус муайян,  ваксина аллакай сохта шудааст ва  нақшаи табобати ин беморӣ мавҷуд аст.

Номбурда илова кард, ки иқтисодиёт ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Барои барқарор кардани кори ҳамаи сохторҳо, риояи тамоми чораҳои зидди эпидемия зарур аст, гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, дар пайи пандемияи коронавирус кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон марзҳояшонро ба хотири ҷилавгирӣ аз ин беморӣ бастанд.

0
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, коршиносон, парвозҳо, Тоҷикистон