КМИР гуфт, беш аз 20,7% овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд

212
(Таҷдидшуда 09:56 11.10.2020)
То кунун беш аз 1 миллиону 233 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботӣ овоз додаанд

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Ҳузури интихобкунандагон дар интихоботи президентии Тоҷикистон то соати 9:00 23,4% -ро ташкил дод, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои расмӣ, то кунун дар участкаҳои интихоботӣ беш аз 1 миллиону 233 ҳазор нафар овоз додаанд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 4,9 миллион интихобкунандагон ҳастанд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, 105 399 шаҳрвандон бори аввал дар интихоботи президентӣ овоз медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон барои 7 соли дигар президент интихоб мекунанд

Дар интихоботи президентӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

212
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

249
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

249
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2520
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2520
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид

0
(Таҷдидшуда 02:53 27.10.2020)
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аз аввали соли 2020 ба бозори энержии Тоҷикистон аз ҳаҷми пешбинишуда камтар интиқол додааст. Сабаб ба коҳиши хариди нерӯи барқ ​​аз Барқи Тоҷик иртибот дорад.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Қарзи Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” аз НБО нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"  қариб ба 154 миллион доллар расидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти нерӯгоҳ.

Тибқи иттилои расмӣ, аз аввали соли 2020 нерӯгоҳ ба бозори энержии Тоҷикистон 1,6 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​додаасӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 76,6 миллион кВт / соат ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 114,6 миллион кВт / соат камтар шудаасӣ.

Хадамоти матбуот нерӯгоҳ гуфтааст, ки сатҳи миёнаи истифодаи иқтидори насбшудаи НБО Сангтӯда-37,8% -ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дуршавии нишондиҳандаи воқеӣ аз нишондиҳандаи пешбинишуда ба кам шудани ҳаҷми харидории нерӯи барқ ​​аз “Барқи Тоҷик” вобаста аст.

Дар давраи ҳисоботӣ, арзиши умумии нерӯи барқ, ки аз ҷониби холдинг дода мешавад, ба 49,7 миллион доллар расид. Аммо сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 аз 44% зиёд нест, ки ин афзоиши минбаъдаи қарзи Барқи Тоҷикро аз НБО Сангтӯда-1 бармеангезад.

Хатзании қарзҳо: қарори Ҳукумат барои дастгирии “Барқи тоҷик”

Манбаъ мегӯяд, дар давраи ҳисоботӣ, нерӯгоҳ ба  ШХСК “Барқи Тоҷик” ба арзиши арзиши умумии 49,7 миллион доллар барқ додааст.

Аммо ба таъкиди котиботи нерӯгоҳ “Барқи Тоҷик”  танҳо 44%-и маблағи онро додаасту халос, ки қарздорияшол боз дар назди НБО "Сангтӯда-1"  боз зиёд кардааст.

Дар нӯҳ моҳи соли равон қарзи ширкати "Барқи Тоҷик"  27,8 миллион доллар афзуда, то 30 сентябри соли ҷорӣ ба 154 миллиард доллар баробар шудааст.

ҶСК "НБО Сангтӯда-1" — муассисаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005  дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Иқтидори муқарраршудаи  "Сангтуда-1" 670 МВт аст.

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор оғоз кард.

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

Чаҳор гидроагрегати нерӯгоҳи барқии обӣ 31 июли соли 2009 расман ба кор шурӯъ кард. Саҳми умумии коркарди нерӯи барқи НБО Сангтӯда-1 12% тавлиди кулли нерӯи барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

0
Барчаспҳо:
қарз, "Барқи Тоҷик", Тоҷикистон