Эмомали Рахмон проголосовал на президентских выборах

Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон

740
(Таҷдидшуда 16:22 11.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари кунуни Тоҷикистон дар интихоботи навбатии президентӣ, ки худи ӯ яке аз номзадҳост, ширкат кард

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ овоз дод, гузориш медиҳад Sputnik Тоҷикистон.

Раҳмон овозашро ба президенти оянда дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дод. Қаблан шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумон Рустами Эмомалӣ ба ҳамон ҳавзаи интихобот ташриф оварда буд.

Пас аз овоздиҳӣ, пешвои Тоҷикистон бо масъулини КМИ сӯҳбат кард.

Овоздиҳии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзадаш ба президентӣ овоз дод

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Бино ба иттилои котиботи президент, иштирок ва овоздиҳии раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.

740
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (76)
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

234
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

234
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2508
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2508
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон