Махмадтоир Зокирзода

Зокирзода дар ҳузури нозирони байналмилалӣ ба номзади арзандаи худ раъй дод

208
(Таҷдидшуда 11:49 11.10.2020)
Муҳаммадато Зокирзода дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандааш овоз дод

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ, овоз дод.

Бар хабари котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №5, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварда раъйи худро гузошт.

Мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нозирони САҲА дар арафаи интихобот

Манбаъ меафзояд, иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон низ ба ҳавзаи интихоботӣ омада, овоз дод.

Раҳмон овозашро ба президенти оянда дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2 дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ дод.

Қаблан шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумон Рустами Эмомалӣ ба ҳамон ҳавзаи интихобот ташриф оварда буд.

208
Барчаспҳо:
интихобот, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

240
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

240
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2514
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2514
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
(Таҷдидшуда 15:37 21.10.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0