Выборы президента в посольстве Таджикистана в Москве

Аз Абу - Забӣ то Вашингтон: ВУХ аз иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар интихобот хабар дод

108
(Таҷдидшуда 13:37 11.10.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишварҳои хориҷӣ низ маъракаи интихоботӣ шурӯъ шудааст

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Дар 29 давлати хориҷӣ дасти кам 39 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

  • Интихоботи президентӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср
    акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президентии Тоҷикистон дар Малайзия
    акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ
    аккс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург
    акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
    акс аз сафҳаи ВУД Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
    акс аз ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
    акс аз сафҳаи ВУД Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
    акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
    акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
1 / 10
акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон
Интихоботи президентӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Ба иттилои манбаъ, дар ҳавзаҳои таъсисдодаи кишварҳои хориҷӣ низ маъракаи интихоботӣ оғоз ёфтааст ва тоҷикони берун аз ватан имкон доданд, дар шароити зарурӣ омада, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

Бозкушоии ҳавзаҳои интихоботӣ дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ бо қарори Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон созмон ёфт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзадаш ба президентӣ овоз дод

Гуфта мешавад, барои интихобкунандагон шароити зарурӣ барои раъйдиҳӣ муҳайё гардидааст.

"Ҳамватанони мо имрӯз дар ин маъракаи сиёсӣ ҷиҳати овоздиҳӣ ба номзади хеш дар хориҷи кишвар дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашхобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Маскав, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Порис, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ширкат варзида истодаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки фаъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷа то соати 20:00 бо вақти кишвари маҳалли иқомат идома хоҳад ёфт.

108
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

240
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

240
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2514
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2514
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

874
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

874
Барчаспҳо:
садама, Русия