Дар Рашт аллакай 26 ҳазор интихобкунанда раъй дод

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВыборы президента Таджикистана
Выборы президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони ноҳияи Рашт дар маъракаи интихоботи президентӣ фаъолона иштирок намуда, аллакай беш аз 26 ҳазор интихобкунанда ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз доданд

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Ғунчагул Сайфудинова муовини раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 аз иштироки фаъоли сокинон дар маъракаи интихоботи президентӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи мазкур 65 участкаи интихоботӣ пурра омода буда, дар хизмати интихобкунандагон қарор доранд. 

"Дар ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 64 ҳазору 685 нафар интихобкунандагон мавҷуданд, ки 912 нафари онҳо бори аввал овоз медиҳанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи иттилои масъулин, то соати 11:00 шумораи интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ҳавзаи мазкур ба 26 ҳазору 585 нафар расидааст.

Аз Абу - Забӣ то Вашингтон: ВУХ аз иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар интихобот хабар дод

Зикр мегардад, ки маъракаи интихоботӣ бо дарназардошти тамоми чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризии коронавирус сурат гирифта истодааст.

Интихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ бо дастпӯшу ниқоби тиббӣ ҳозир шуда, фосилаи иҷтимоӣ низ риоя мешавад.

Лентаи хабарҳо
0