Подготовка к выборам в Таджикистане

КМИР Тоҷикистон: ягон қонуншиканӣ дар интихоботи президентӣ сабт нашудааст

156
(Таҷдидшуда 14:33 11.10.2020)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт ягон ҳолати қонуншиканӣ дар раванди овоздиҳӣ то ба ҳол сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ба рӯзноманигорон дар бораи вазъи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, овоздиҳӣ муташаккилона идома дошта, интихобкунандагон фаъоланд, ягон шикоят ворид нашудааст ва дар ҳавзаҳои интихоботӣ ягон ҳодиса сабт нашудааст.

Дар муколама бо хабарнигори ТАСС муовини роҳбари ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Бурутин низ маълумотҳои пешакӣ дар бораи вазъи интихоботи президентиро гузориш дод.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

"Дар тӯли тамоми маъракаи интихоботӣ аз 21 сентябр амалан ягон шарҳ ё қонуншиканӣ ошкор карда нашудааст",- гуфт Бурутин.

Инчунин, намояндаи ҳайати нозирони ИДМ аз корҳои омодагӣ дар Тоҷикистон ва иштироки баланди интихобкунандагонро гуфт.

Нозири №100: "Ҳама чиз чун замони Шӯравӣ дуруст аст"

Тибқи иттилои КМИР, то соати 12:00 беш аз 2 миллиону 295 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботӣ овоз додаанд.

156
Барчаспҳо:
сабт, президент, интихобот, Тоҷикистон
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

240
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

240
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2512
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2512
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков