"Ба дараҷаи олӣ!" – аввалин бардошти номзадҳои президентии Тоҷикистон аз раъйгирӣ

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВыборы президента Таджикистана
Выборы президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 "Интихоботро чӣ гуна мебинед?". Бо ин суол Sputnik Тоҷикистон ба номзадҳои президентии Тоҷикистон муроҷиат кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон, дар қитъаи интихоботии №1, воқеъ дар мактаби №1 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раъй дод.

Вай мегӯяд, аз қабл бо аъзои фраксияи ҳизбаш дар парлумон маслиҳат карда буданд, ки ҳамакаса дар қитъа ҳозир мешаванд.

"Тамоми узви оилаам низ бо ман раъй доданд. Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ даъвое надорем. Ҳама корҳо ба хубӣ анҷом мешаванд. Аммо ҷолиб ин аст, ки натиҷаҳо чӣ хоҳанд буд. Он замон пурра интихоботро баҳогузорӣ хоҳем кард", - гуфт Рустам Латифзода.

Абдуҳалим Ғаффоров, раис ва номзади Ҳизби сотсиалист дар қитъаи интихоботии №10 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воқеъ дар бинои Институти забонҳои Тоҷикистон, маҳаллаи 102 раъй дод. Вай гуфт, танҳо ба қитъаи раъйгирӣ рафта, ба номзади арзанда овоз дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат дар интихоботи президентӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ин дафъа шиносномаи сурх надод: Раҳмон бо кадом ҳуҷҷат ба интихобот омаду чӣ гуфт?-акс

"Интихобот ба дараҷаи аҳсан идома дорад. Ҳама корҳои созмондиҳӣ аз сӯи участкаҳои интихоботӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Шахсан аз мо хеле хуб пазироӣ карданд. Умедворем, ки раъйи худро ба даст хоҳем овард", - гуфт Абдуҳалим Ғаффорзода.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, дар қитъаи интихоботии №5 – и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар бинои "Тоҷикстандарт", бо иттифоқи ҳамсару фарзандон ва наберагонаш омада, раъй додааст. Вай гуфт, дар қитъаи интихоботӣ мардум ба навбат истода, овоз медоданд.

"Аз дил гузарондам, ки бубин, кишвари мо то куҷо орому осуда аст, ки мардум бе маҷбурӣ, озода омада, раъйи худро баён мекунанд. Интизори мо ҳам ин аст, ки натиҷаҳои интихобот ҳам ба хости мардум хоҳад буд", - гуфт Рустам Раҳматзода.

Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади Ҳизби коммунист, танҳо ба қитъаи интихоботии №1, воқеъ мактаби №1 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омада, раъй додааст. Вай гуфт, аъзои оилааш баъдтар ба қитъаи интихоботӣ рафтанд.

"Интихобот назар ба солҳои гузашта хеле дар сатҳи олӣ ташкил шудааст. Ҳама чиз дар ҷояш аст. Моро дар сатҳи олӣ масъулони қитъаи интихоботӣ пешвоз гирифтанд. Дар ҳоли ҳозир даъвое надорем", - гуфт Мироҷ Абдуллоев.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоб ва раъйгирии Тоҷикистон, то соати 12 – и имрӯз, 11 октябр, беш аз 46% ё 2 миллиону 295 ҳазор нафар ба пои сандуқҳои раъй омадааст. Бино ба ин манбаъ, дар Тоҷикистон 4 миллиону 945 ҳазор нафар соҳиби раъй мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0