Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе

Шодбошии бародарона: кадом президент аввалин шуда Раҳмонро табрик кард?

2897
(Таҷдидшуда 13:58 12.10.2020)
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи аввалин занги телефонии шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зоҳиран нахустин шуда, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби раёсати ҷумҳурӣ шодбош гуфтааст.

Сӯҳбати телефонии ду президентро вебгоҳ пеш аз дигар шодбошиҳо нашр кардааст.

Тавре манбаъ менависад, Мирзиёев Раҳмонро "самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд".

Дар ин зимн, Шавкат Мирзиёев хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро таъкид кардааст.

Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки  пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид намуданд", - афзудааст котиботи раисҷумҳур.

Мирзиёев ва Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон занг заданд

Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

2897
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Амрико гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон орому осуда ва ботартиб баргузор шуд

246
(Таҷдидшуда 23:43 16.10.2020)
Департаменти давлатии ИМА ахиран эълон доштааст, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, Департаменти давлатии Амрико дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Ӯзбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.

Ҳамзамон зикр гардид, дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд.

Зикр шудааст, ки ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи президентии гузашта  панҷ номзад ширкат доштанд ва дар он ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор нафар)  раъй додаанд.

246
Барчаспҳо:
баргузор, оромӣ, Интихоботи президентӣ, интихобот, Амрико, Тоҷикистон
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

2518
(Таҷдидшуда 00:05 16.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум ба курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон такя зад, акнун савганд ёд мекунад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон минҳайси кишвардори Тоҷикистон авохири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 - юми октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.

"Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад".

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

2518

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:46 22.10.2020)
Рӯзи 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд ва Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи фалаҷ мебошад

Рӯзи 24 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1897 - дар шаҳри Санкт- Петербург нахустин бозии футбол баргузор гардид.

Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия
© Sputnik / Григорий Сысоев
Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия

Соли 1945 - оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Соли 2005 -  дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард.

© Sputnik / Стрингер
Вокзал, архивное фото

 Соли 1857 -  хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол таъсис доданд.

Соли 1996 - дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1986 - дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Виниловые пластинки
Виниловые пластинки

Соли 2000 - дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Хелсинки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуд.

День 22 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Минск  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуданд.

Соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр

  • Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.
  • Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.
  • Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1914 - 1989)  - Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

Соли 1957 - бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

Соли 1973 - раққосаи машҳури тоҷик Дилором Сатторова.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон