Задержание, архивное фото

Боздошти раиси бозори “Ином”

10
(Таҷдидшуда 16:03 19.12.2014)
Пас аз берун шудан аз бинои Додгоҳи олӣ ӯро ба РКД-и вилояти Хатлон бурда, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Сабаби боздошти тоҷир ҳанӯз номаълум аст.

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бурҳон Абдуллоев, директори бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритус, ки бо додарарӯси  президент баҳси моликият дошт, рӯзи 19-уми декабр аз ҷониби полис боздошт гардидааст, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Санавбар Абдуллоева, ҳамсари ӯ, ки худро соҳибмулки бозори "Ином"мегӯяд, иброз дошт, ки субҳи рӯзи 19-уми декабр ҳамроҳ бо шавҳараш, раиси ширкати "Ином" — Бурҳон Абдуллоев ва  вакили мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе омаданд, аммо вақте ки Бурҳон Абдуллоев ним соат пештар аз онҳо аз бинои Додгоҳ берун шуд, нопадид гашт.

"Мо ҳарчанд ба телефонаш занг задем телефонаш хомуш буд ҳарчанд мунтазир шудем, шояд куҷое даромада бошад, пайдо нашуд,"- мегӯяд Абдуллоева.

Дар айни ин ҷустуҷӯҳо писараш Ином Абдуллоев аз ноҳияи Шаҳритус занг зада, гуфтааст, ки аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия барояш хабар додаанд, ки падарашро ҷустуҷӯ накунад, вай дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аст.

Санавбар Абдуллоева қаблан ба расонаҳо гуфта буд, ки бори дигар дар масъалаи ҳаққи моликият ба бозори "Ином" ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардааст ва дар сурати расидагӣ нашудан, ин баҳсро ба барномаи "Пуст говорят" — и Шабакаи аввали телевизиони Русия — "ОРТ" хоҳад кашонд. Қосим Қосимов , вакили дифоъи Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "тақсимоти бозор тавассути ҳайати кумиссиюни тақсимоти бозор бо ширкати иҷрочиёни додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва дар чаҳорчӯби ҳалномаи Додгоҳии олии иқтисодии Тоҷикистон аз 14 майи соли ҷорӣ байни соҳибкорон Холназар Достиев ва Бурҳон Абдуллоев ҷараён дорад."

Баҳси байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари ҳаққи моликият бар бозори "Ином" дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс чанд сол боз идома дорад. Дар моҳи майи соли 2014 Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки ин бозор байни тарафҳо баробар — 50 ба 50 тақсим карда шавад. Додгоҳ ин нуктаро далел овард, ки гӯё Абдуллоевҳо 4 сол пеш нисфи бозорро ба Саъдуллоев ва Достиев тӯҳфа кардаанд. Абдуллоевҳо бошад, инро рад мекунанд.

 

 

10
Барчаспҳо:
додарарӯси президент, дастгир, боздошт, ОРТ, додгоҳи Шаҳритус, Додгоҳи иқтисодӣ, Додгоҳи олӣ, бозори Ином, Қосим Қосимов, Холназар Достиев, Муҳибулло Саъдуллоев, Бурҳон Абдуллоев, Санавбар Абдуллоев, Шаҳритус, Душанбе, Тоҷикистон