Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

“Озодагон”: Охунов аз даъво алайҳи Қудратов даст кашид

11
(Таҷдидшуда 15:53 24.12.2014)
Даъвогар дар шарҳи сабабҳои даст кашиданаш ба “Озодагон” гуфтааст, “аҳволи Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро низ кашида, аз даъвоям даст кашидам.”

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Турабек Охунов, бародари раҳбари боздоштшудаи ширкати "Мовароуннаҳр", ки Шуҳрат Қудратов, собиқ вакили дифои бародарашро дар қаллобӣ муттаҳам мекард, 24-уми декабр аз даъвояш даст кашид, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Охунов зимни мурофиа дар додгоҳи шаҳри Душанбе ин тасмимро гирифтааст.

Турабек Охунов баён доштааст, ки ҳамзамон маблағҳоро низ бахшидааст. Даъвогар дар шарҳи сабабҳои даст кашиданаш ба "Озодагон" гуфтааст, "аҳволи Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро низ кашида, аз даъвоям даст кашидам."

Охунов бо Қудратов қаблан дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян карда буданд.

"Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст", — менависад оҷонсӣ.

Дар посух ба ин суол, ки чаро аз аввал ба мақомот шикоят бурд, Охунов изҳор доштааст, ки "қаблан бо Қудратов дар мавриди ин маблағҳо суҳбат кардам, аммо ӯ зиёдаравӣ карда, таъкид намуд, ки куҷое хоҳӣ муроҷиат кун. Ин боис шуд, ки ман муроҷиат кардам."

11
Барчаспҳо:
даст кашидан, даъво, мурофиа, суди шаҳри Душанбе, Ҷурабек Охунов, Турабек Охунов, Шуҳрат Қудратов, Душанбе, Тоҷикистон