Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

Ду дархости Зоиров аз додгоҳ дар робита ба парвандаи Қудратов

7
(Таҷдидшуда 07:41 31.12.2014)
Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратовро то 2 январи соли 2015 ба таъхир гузошт.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов 30 декабр зимни мурофиаи додгоҳӣ аз додрас хост, парванда аз рӯи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш қатъ шавад, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Зоиров гуфт, иттиҳоми фасодкорӣ алайҳи зерҳимояаш тасдиқи худро наёфтааст ва аз додрас дархост намуд, парванда аз рӯи ин айб қатъ шавад. Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш — Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад.

Инчунин Раҳматилло Зоиров аз додрас хостааст, иттиҳом аз рӯи қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш ба қисми 2-и ин модда гузаронда шавад. Аз рӯи ин модда Шуҳрат Қудратов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш — собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" — Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Дар робита ба дархостҳои Раҳматилло Зоиров раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ки дар мурофиаи оянда, рӯзи 2-юми январи соли оянда посух хоҳад дод.

Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.

7
Барчаспҳо:
таваққуф, баррасӣ, дархост, додгоҳи Душанбе, Ҷурабек Охунов, Шуҳрат Қудратов, Раҳматилло Зойиров, Душанбе
Арест, архивное фото

Боздошти марди 35 -сола: сокини Восеъро фиреб дода 25 ҳазор сомониашро гирифт

826
(Таҷдидшуда 12:14 06.02.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35 -сола бо ҷурми қаллобӣ хабар медиҳад, ки 25 ҳазор сомонии ҷавони 24 - соларо аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард

Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

826
Барчаспҳо:
ВКДҶТ, қаллобӣ, Файзобод, боздошт
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Ҷасади падару духтар, ки дар Перм кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

3191
(Таҷдидшуда 11:09 06.02.2021)
Бо қарори хешовандон ҷасади духтар ва падараш, ки аз ҷониби домод кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.

"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.

Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.

Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.

Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор

Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.

3191
Барчаспҳо:
интиқол, Тоҷикистон, Русия, ҷасад
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 01:06 01.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6897 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1507 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0