Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

Пулҳое, ки аз манзили Қудратов мусодира шуд, ба Бобораҷабова медиҳанд

13
(Таҷдидшуда 12:53 06.01.2015)
Тибқи ин қарор маблағи мусодирашуда барои пардохти ҷуброни зарари Моҳира Бобораҷабова равона мешавад

ДУШАНУБЕ, 6 янв — Sputnik. Иҷрочиёни суди ноҳияи Фирдавсӣ қарори ҳабси беш аз 22 ҳазор доллари амрикоиро баровардаанд, ки баъди боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик аз хонааш мусодира шуда буд, хабар медиҳад оҷонсии Озодагон.

Тибқи ин қарор маблағи мусодирашуда барои пардохти ҷуброни зарари Моҳира Бобораҷабова равона мешавад. Бобораҷабова Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номус ва вакили дифояш (Шуҳрат Қудратовро) дар паст задани шаъну шараф муттаҳам мекард. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ тобистони соли гузашта иддаои Бобораҷабоваро қонеъ карда, Қудратовро барои паст задани шаъну шараф ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ (муодили тақрибан 40 ҳазор доллар) ҷуброн муваззаф карда буд.

Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов мегӯяд, содир намудани чунин қарор ба салоҳияти судиҷрочӣ дохил намешавад ва аз болои он шикоят хоҳад бурд.

"Ин қарори судиҷрочиён 2-3 рӯз пеш ба почтаам ворид шудааст ва давоми 10 рӯз ҳақ дорам аз болои он ба Вазорати адлия ё худ судҳо шикоят барам", — гуфтааст Зоиров.

Зимни мурофиаи додгоҳии Қудратов, бародараш — Замир Қудратов шоҳидӣ дода, дар мавриди бозҷӯӣ ва мусодираи маблағ аз хонаашон гуфт, "хонаро 8 нафар бозҷӯӣ мекарданд ва аз сандуқи очаамон ҳудуди 22 ҳазор долларро гирифтанд. Азбаски худи Шуҳрат хона надорад, ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунад ва он маблағе, ки гирифтанд, қисман пасандози очаам буд."

Соли 2013 бо даъвои Моҳира Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд.

13
Барчаспҳо:
маблағ, мусодира, оҷонсии коррупсия, додгоҳи Фирдавсӣ, Моҳира Раҷабова, Шуҳрат Қудратов, Раҳматилло Зойиров, Зайд Саидов, Душанбе, Тоҷикистон