Шуҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

Шуҳрат Қудратов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд

14
(Таҷдидшуда 13:26 13.01.2015)
Суди шаҳри Душанбе бо назардошти қонуни авф аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратовро кам карда, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум сохт. Инчунин, вакили мудофеа баъди адои ҷазо ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон аз сӯи Додгоҳи Душанбе маҳкум шуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Қудратов 11 соли зиндон талаб карда буд. Раисикунандаи мурофиа, зимни қироати ҳукм гуфт, бо назардошти қонуни авф аз се як ҳисаи он кам шуда ва барои нуҳ сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Инчунин, Қудратов баъди адои ҷазо ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт.

Зимни суханронии охиринаш, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию порадиҳӣ аз Додгоҳи Душанбе тақозо кард, ки тафтишоти судии парвандааш аз нав анҷом шавад. Суханронии Қудратов дар додгоҳ 12 январ сурат гирифта буд.

"Ҷузъиёти парвандаи ман дар рафти мурофиа пурра омӯхта нашудааст", — таъкид кард ҳуқуқшиноси муттаҳам.

Раисикунандаи мурофиа посух додааст, ки ин дархостро дар хонаи машваратӣ меомӯзад. Дар идома Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор доштааст, ки "боре ҳам аз пора суҳбат накардааст".

14
Барчаспҳо:
маҳрум аз озодӣ, 9 сол, ҳукми зиндон, додгоҳи Душанбе, Шуҳрат Қудратов, Душанбе
Мавзуъ
Зоиров гуфт, Қудратов поквиҷдон аст ва парвандаҳо сохтаю супоришиянд
Барои Шуҳрат Қудратов 11 соли зиндони низомаш сахт талаб карданд
Пулҳое, ки аз манзили Қудратов мусодира шуд, ба Бобораҷабова медиҳанд
“Озодагон”: Охунов аз даъво алайҳи Қудратов даст кашид