Наручники

ВКД: боздошти ду нафар бо иттиҳоми истисмори шаҳвонӣ

7
(Таҷдидшуда 12:08 19.01.2015)
Ду сокини вилояти Суғд, яке аз шаҳри Хуҷанд, дигари аз ноҳияи Ашт бо истисмори шаҳвонии ду сокини дигари ноҳияи Ашт гумонбар мешаванд. ВКД мегӯяд, дастгиршудагон ду шаҳрвандро ба Дубай бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду шаҳрванд хабар медиҳад, ки дар моҳи декабри соли 2014 ду нафарро ба Дубай бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд, омадааст дар сомонаи ин вазорат.

Сомона менависад, 18 январ шаҳрвандон С.Р. соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд ва Б.Б. соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудаанд. Ин афрод дар ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ гумонбар мешаванд.

ВКД муайян кардааст, ки дастгиршудагон моҳи декабри соли 2014, шаҳрвандон И.С. соли таваллудаш 1994 ва С.Г. соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Аштро ба шаҳри Дубайи Аморати Муттуҳидаи Араб бурда, онҳоро ба танфурӯшӣ ҷалб намудаанд.

Дар пайи боздошти ин афрод парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад, менависад сомона.

7
Барчаспҳо:
истисмори шаҳвонӣ, боздошт, ВКД, Дубай, Ашт, Хуҷанд
Мавзуъ
Дар Хоруғ шаҳрванди Афғонистон бо 50 килограмм ҳашиш боздошт шуд
Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО