Суд. Архивное фото

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст

18
(Таҷдидшуда 11:56 20.07.2015)
Ҳамзамон ин сомона менависад, оҷонсӣ тафтиши парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкорро ба анҷом расонида, 16 январ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бино бар асоси як даста иттиҳомоти нави Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 10 миллион доллар айбдор мешавад, хабар медиҳад сомонаи оҷонсӣ.

Ҳамзамон ин сомона менависад, оҷонсӣ тафтиши парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкорро ба анҷом расонида, 16 январ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа кардааст.

Дар маълумотномае, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад,  ки тафтиши парвандаи Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод анҷом шуда, "парвандаи ҷиноятии №42946 бо айбдории Саидов З.Ш., бо моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои "а,б" (сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст),

314 қисми 2 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад), 245 қисми 4, банди "б" (бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ),

262 қисми 3 банди "б" (ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва

292 қисми 2, банди "б" (ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)

… аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди омӯзиш ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, 16.01 соли 2015 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд."

Оҷонсии зиддифасод "зарари молиявии ба буҷаи давлат расонидашуда" аз тарафи Зайд Саидовро дар чорчӯби иттиҳомоти омада дар ин парванда  ба 52.254.442,25, ё тақрибан 10 миллион доллар баровард кардааст.

"Аз ҷумла, аз ҳисоби хусусигардонии ғайриқонунии саҳмияҳо ва иншоотҳо, 2.262.482 сомонӣ, аз ҳисоби бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, 34.037.684,25 сомонӣ ва азҳисоби саркашӣ аз супоридани андозҳо, 11.497.053 сомонӣ (бо ҷарима ва фоизҳояш 15.954.276 сомонӣ)", — менависад сомона.

Ин мавридҳои "тасарруф" ва "азонихудкунӣ" бармегарданд ба сохтмони "Душанбе- Плаза" — баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон, ва мактаби рақами 8 дар маркази пойтахт, ки низ ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд. Оҷонсӣ мегӯяд, дар рафти тафтиш "барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк, бо қарори суд ба молу мулки айбдоршаванда Саидов З.Ш. ба маблағи умумии зиёда аз 30.000.000 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст."

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон  ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, рӯзи 19 сентябри соли 2012, баъди бозгашташ аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Ба ақидаи Зайд Саидов ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

Зайд Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расид. Ӯ дар соли 2001 вазири саноат таъйин шуд ва то поёни соли 2006 дари н мақом кор кард. Зайд Саидов баъди рафтанаш аз ҳукумат ба соҳибкорӣ баргашт ва баъди чанде дар ҷумла соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт. Ширкатҳои ӯ бахусус дар риштаи сохтмон муваффақ буданд ва чанд  бинои бузург дар пойтахт, аз ҷумла бинои 22-қабатаи "Душанбе- Плаза", мактаби рақами 8 ва дафтари марказии "TCell"-ро ширкатҳои марбут ба Саидов сохтаанд.

18
Барчаспҳо:
иттиҳомоти нав, ирсоли парванда, анҷоми тафтиш, Агентии коррупсия, Суди Олӣ, Зайд Саидов, Душанбе
Арест, архивное фото

Миёнарави фиребгар: боркаши "Рено"-ро фурӯхт ва 160 ҳазор сомониро ба соҳибаш надод

122
(Таҷдидшуда 15:09 02.07.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-солаи шаҳри Хуҷанд ба гумони қаллобӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 6-уми сентиябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи боркашии тамғаи “Рено”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифтааст.

Ожонси зидди фасод раиси хоҷагии деҳқониеро барои заминфурӯшӣ боздошт кард

ВКД дар идома ин қазия мегӯяд, марди қаллоб маблағҳои бадастовардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.

Манбаъ афзуда, кинНисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

122
Барчаспҳо:
ВКД, қаллоб, боздошт, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти марде, ки духтари ҷавонро таҳқир кард - акс

685
(Таҷдидшуда 16:32 14.06.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марди бадрафтор ва ҳақорачтӣ хабар додааст, ки чанд рӯз боз навори бадгӯияш дар интернет паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин мард дар паи шикояти духтари ҷавоне боздошт шудааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҷавонзани сокини ноҳияи Синои пойтахт бо ирсоли навори дағалгуфтории марди тақрибан 45-50 сола аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Навори мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

Муроҷиати мазкур таҳти баррасии фаврии милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсият ва сабаби сар задани ҳодисаи мазкур муайяну ошкор карда шуд.

"Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович соли таваллудаш 16.10.1975. сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Клара Сеткина бинои 12 мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои РВКД, дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда зимни партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К. Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст, ки боиси эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст.

Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович
Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович

 

Ҳамзамон маълум карда шуд, ки марди дастгиршуда, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, масъул ва назораткунандаи партовгоҳи кӯчаи мазкур будааст.

Манбаъ афзуда, ки феълан нисбати номбурда барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

685
Барчаспҳо:
таҳқиромез, таҳқир, боздошт, Душанбе
Хабиб Нурмагомедов

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

153
Маросими дафни Абдулманап Нурмуҳаммадов дар Доғистон бо ҳузури садҳо нафар ва иштироки раисҷумҳур Рамазон Қодиров доир гардида буд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук ба Рамазон Қодиров раисҷумҳури Чеченистон барои иштироки ӯ дар маросими дафни падараш изҳори миннатдорӣ кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Глава ЧР Рамзан Кадыров вчера ночью, в сопровождении своих ближайших соратников посетил Кироваул РД, что бы почтить память и выразить соболезнования родным и близким Абдулманапа Нурмагомедова. Кадыров отметил, всеобщее уважение, которое имел Абдулманап и его большие заслуги в развитии спорта. Он сказал, что с первых дней были на связи с родственниками и очень надеялись на его скорейшее выздоровление. Хабиб Нурмагомедов поблагодарил Кадырова, за визит и почтение к своему отцу. Также он выразил благодарность за помощь, которую Кадыров оказал в переводе его отца в Московскую клинику и дальнейшее лечении. «Предначертанное Всевышним не изменить, на все его воля! Хвала Аллаху» сказал Хабиб Нурмагомедов. Пусть Аллах простит все его грехи и обрадует раем! #абдулманапнурмагомедов #хабибнурмагомедов #кадыров #кироваул #похороны #соболезнование

Публикация от 🌐НОВОСТНОЙ ПОРТАЛ🌐 (@news095)

Навор аз маросими дафн ва сӯҳбати Ҳабиб бо Қодиров дар Instagram нашр гардидааст.

"Барои ҳамаи кумакҳоятон ба Шумо сипосгузорам. Ташаккури зиёд... Ҳар коре, ки аз дасти мо омад, анҷом додем.... Инро дар хотир нигоҳ доштан бисёр муҳим аст. Бигзор ин як амале бошад, ки халқи моро муттаҳид кунад", - афзудаст Нурмуҳаммадов.

Зимнан, Ҳабиб ба раисҷумҳури Чеченистон барои интиқол додани падараш аз Доғистон ба шаҳри Маскав низ изҳори сипосгузорӣ кард.

Ёдова мешавем, ки падари 58 - солаи Ҳабиб, Абдулманап Нурмуҳаммадов бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав фавтид.

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

153
Барчаспҳо:
навор, Маросими дафн ва видоъ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Рамазон Қодиров