Амалиёти боздошти аъзои бандаи ГТА

Дар куштори Толмачев тоҷикон муттаҳам мешаванд

10
Ба иттилои мақомоти рус, дар куштори Толмачев, ки 3-юми июни соли 2014 дар ғарби Маскав бо зарби 10 тир кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти муттаҳамон дар куштори Олег Толмачев, сардори хадамоти нозирони минтақавии ШКД-и ноҳияи Ново-Пределкино хабар доданд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ба иттилои мақомоти рус, дар куштори Толмачев, ки 3-юми июни соли 2014 дар ғарби Маскав бо зарби 10 тир кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Яке аз муттаҳамон дар ин куштор Қодиров арзёбӣ мешавад, ки моҳи ноябри соли гузашта дар доираи амалиёт алайҳи "Бандаи ГТА" боздошт шуда буд, менависад оҷонсӣ.

"Ду дастандаркори дигари ин куштор бо дархости мақомоти рус дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Боздоштшудагон Каримов ва Ғуломов, шаҳрвандони Тоҷикистонанд", — омадааст дар хабари "Озодагон".

Олег Толмачев, бегоҳи 3-юми июн зимни бозгашт аз хонаи маъшуқааш ба хонаи худ бо 10 тир кушта шуда буд. Қотилон аз ҷои ҳодиса бо ду мошин фирор карданд ва қаблан мақомоти Русия соҳибони ин ду мошин, сокинони Калуга ва Тамбовро ба иттиҳоми ин куштор дар пайгарди қонунӣ эълон карда буданд.

Аммо феълан куштори ин маъмури пулис низ ба дӯши афроде вогузошта шудааст, ки дар узвият ба "Бандаи ГТА" муттаҳам мешаванд. Абдумуқим Мамадҷонов, яке аз шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ боздошт шуда буд. Ин гуруҳ дар қасди амалҳои террористӣ ва дастикам 14 куштор дар шоҳроҳи "Дон" муттаҳам мешуданд.

Мақомоти рус эълон карда буданд, ки аксари аъзои ин гурӯҳ зодагони Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари аслии он ба Тоҷикистон фирор кардааст.

10
Барчаспҳо:
ҷиноят, милиса, куштор, муттаҳам, "бандаи ГТА", Абдумуқим Мамадҷонов, Ғуломов, Каримов, Олег Толмачев, Русия, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: ронандаи "Опел-Зафира" марди 59 -соларо пахш кард

423
(Таҷдидшуда 13:44 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад, ки дар паи он марди 59 - сола ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазортаи корҳои дохилӣ ин садамаи маргбор рӯзи 2-юми март, шабонгоҳ тахминан соати 23:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Опел-Зафира", Зарифов Сафармад Самадович, сокини 38 - солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагард Шукуров Файзалӣ Эмомович, сокини 59 - солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, Шукуров Ф.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

423
Барчаспҳо:
садамаи маргбор, маргбор, Тоҷикистон, садама
Арест, архивное фото

Боздошти марди 35 -сола: сокини Восеъро фиреб дода 25 ҳазор сомониашро гирифт

839
(Таҷдидшуда 12:14 06.02.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35 -сола бо ҷурми қаллобӣ хабар медиҳад, ки 25 ҳазор сомонии ҷавони 24 - соларо аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард

Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

839
Барчаспҳо:
ВКДҶТ, қаллобӣ, Файзобод, боздошт
День 8 марта

Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:15 06.03.2021)
Рӯзи 8 март - Рӯзи байналмилалии занон, дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар, дар Малайзия – Рӯзи султон ва зимнан Рӯзи байналмилалии гурда мебошад

Рӯзи 8 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.

Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.

Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.

Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки  роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 март

  • Рӯзи байналмилалии занон.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.
  • Дар Малайзия – Рӯзи султон.
  • Рӯзи байналмилалии гурда.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.

Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.

Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.

Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.

Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.

Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.

 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021

Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.

Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн