Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Ду масъули САҲШ-и Душанбе барои тамаъҷӯӣ боздошт шуданд

54
(Таҷдидшуда 10:35 05.02.2015)
Қосимова иддао кардааст, ки масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб доранд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду корманди бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанберо бо гумони порагирӣ боздошт кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, 29 январ ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Қосимова муроҷиат карда, арз доштааст, нисбат ба мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе — Шаҳодат Ҳайдарова ва зертобеаш — Малика Мадаминова чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Қосимова иддао кардааст, ки масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб доранд.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, 29 январ Малика Мадаминова, мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми гирифтани 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз Қосимова дастгир шуд. Ин ниҳод мегӯяд, феълан нисбати Мадаминова ва раҳбараш Ҳайдарова бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

54
Барчаспҳо:
шиноснома, фасод, тамаъҷӯӣ, боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, САҲШ, Шаҳодат Ҳайдарова, Малика Мамаминова, ноҳияи Шоҳмансур, Душанбе
Мавзуъ
Оҷонсии фасод аз боздошти ду қаллоби “Барқи тоҷик” хабар медиҳад
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

256
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

256
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4977
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4977
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 4 июня

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:07 03.06.2020)
Рӯзи 4 июн дар Ингушистон — Рӯзи маориф, дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк, дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ, дар ИМА ӯзи оила, дар Қирғизистон Рӯзи ёдбуд ва дар Эстония Рӯзи парчам таҷлил мешавад

Рӯзи 4 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Рабочая газета
Рабочая газета

Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи "Динамо" мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

День 2 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии "Даргил наник" таъсис  дода шуд.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" чоп шуд.

Соли 2011 Расул Боқиев варзишгари тоҷик барандаи медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бухарест гардид.

На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
© Sputnik
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба шаҳри Пекин ташриф омад.

День 3 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн

  • Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.
  • Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
  • Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
  • Рӯзи оила дар ИМА.
  • Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Эстония.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Розия Акобирова (1937-2009)- киноактриса.

Сафват Бурҳонов (1968)- журналист.

Гушин Игор (1951)- доктори илми тиб.

Марям Давлатова (1955)–мутарҷим, ҷомеъашинос.

Наим Ёқубов (1934) – меъмор, профессор.

Олга Морозова (1902 – 1981) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Николай Решетников (1923 – 1983) – доктори илми фалсафа, профессор.

Ҳошим Содиқов (1911 – 1994) – физик, профессор.

Фуфигин Виктор (1907 – 1973) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Бобо Худойдодов (1927 – 1990) – мутарҷим, адабиётшинос.

Муаттара Ҷӯраева (1975)- собиқ наттоқи ТВ.

Шаферштейн Семен (1898 – 1978) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон