Баррасии додгоҳӣ

Прокурори ВМКБ: асрори марги Сайёд ва Далер боз нашудаст

20
Бо гузашти ним сол аз он моҷаро, додситони вилоят изҳор дошт, ки ҳанӯз асрори ин куштор кушода нашудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон дар нишасти матбуотии солонааш эътироф кардааст, ки омилони куштори ду ҷавони 26-солаи шаҳри Хоруғ — Сайёд ва Далер ҳанӯз муайян нашудаанд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ҷасади Сайёд Охонқадамов — сокини маҳаллаи УПД ва Далер Хушдилов — сокини маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, ки субҳи 5 август дар наздикҳои маркази Бадахшон, маҳаллаи Ниводак дар дохили мошине пайдо гардида буданд, ки аз қисмати сар тир хӯрда буданд.

Бо гузашти ним сол аз он моҷаро, додситони вилоят изҳор дошт, ки ҳанӯз асрори ин куштор кушода нашудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи содир шудани ин куштор Вазорати умури дохилӣ иттилоъ дод, ки тафтиши онро шахсан вазир, Рамазон Раҳимзода, зери назорат гирифтааст.

Дар маҷмуъ ба иттилои додситонии вилояти Бадахшон, тайи соли гузашта дар қаламрави вилоят 5 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 3 ҳолат ба шаҳри Хоруғ рост меояд.

20
Барчаспҳо:
ним сол, қисмати сар, тапонча, асрор, таҳқиқ, қатл, Далер Хушдилов, Сайёд Охонқадамов, Муҳаммадхоҷа Арбобов, Хоруғ, ВМКБ
Мавзуъ
Сарбозони пойгоҳи 201-ро, ки гумонбари кушторанд, ба Душанбе оварданд
Дар куштори Толмачев тоҷикон муттаҳам мешаванд