Намозгузорӣ дар масҷид. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як шаҳрванд барои дуздӣ дар рӯзҳои намози ҷумъа

31
(Таҷдидшуда 18:03 06.02.2015)
Тафтиши қазия баъд аз он шурӯъ шуд, ки бархе аз сокинони водии Рашт ба мақомот дар мавриди гум шудани молу ашёҳояшон шикоят бурданд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30- солаи ноҳияи Рашт хабар дод, ки барои чандин ҳолати дуздӣ дар масҷидҳои ин минтақа муттаҳам мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии Озодагон

Ба иттилои сарчашма, дастгиршуда Мулло Фозилов, истиқоматкунандаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, вақти намозхонӣ дар масҷид аз шумораи зиёди намозгузорон истифода бурда, маблағ ва дигар ашёҳои гаронарзиши онҳоро медуздидааст:

"Дар пайи шикоятҳои зиёди намозгузорон аз гумшавии ашё ва маблағ шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт таҳоратхонаҳоро таҳти назорат қарор дода, муттаҳам дар дуздиро ошкор ва боздошт кардааст",- афзуд манбаъ.

Ба иттилои мақомоти пулис, тафтишот нишон додааст, ки Мулло Фозилов ба масҷид на барои адои намоз, балки барои анҷоми амали ҷиноии худ омада, аксаран фурсати муносиб — рӯзҳои ҷумъаро интихоб мекардааст: "Боздоштшуда қаблан низ барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Феълан 6 далели дуздӣ аз ҷониби Фозилов ошкор шудаанд".

Айни замон  алайҳи Мулло Фозилов тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

31
Барчаспҳо:
медуздидааст, моддаи 244, дуздӣ, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Мулло Фозилов, Ғарм, Рашт, Тоҷикистон
Здание МВД РТ, архивное фото

Ноболиғ ҷавони 23 -соларо лату кӯб карду корд зад: шарҳи ВУД

327
(Таҷдидшуда 14:57 26.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳанд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ноболиғи 17 -сола дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буда, дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад

ВУД дар шарҳи ин ҳодиса менавсиад, ки номбурда, рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 14:30, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд.

"Сипас гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба шиками ҷабрдида задааст", - омадааст дар хабарнома.

Мувофиқи маълумотномаи суддӣ-тиббӣ, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

327
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, авбошӣ, авбошӣ, захмӣ, кордкашӣ, ВУД ҶТ
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад

272
(Таҷдидшуда 12:42 22.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар бораи ҳодисаи мазкур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.

Ин мард шикоят кардааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40, дар дохили хобгоҳи "Текстил", воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст.

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

272
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, кордкашӣ, Душанбе, дашном, дашном

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский