TojNews: Зайд Саидов аз ширкат дар мурофиаи судӣ даст кашид

Обуна шудан
Ин нома рӯзи ҷумъаи 6 феврал тавассути намояндагони маҳкумшуда ба Суди Олӣ ирсол гардидааст.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар баррасии судии парвандаи дувумаш ширкат нахоҳад кард, менависад оҷонсии TojNews.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Саидов, ба оҷонсӣ гуфтааст, нафари таҳти ҳимояаш зимни як нома унвонии Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии Тоҷикистон, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки судя баррасии парвандаи дувумаш дар робита ба "Тоҷ-Сохтмон-Байнулмилал" — ро дар боздоштгоҳи муваққатӣ муқаррар кардааст.

"Азбаски ин парвандаи сирф иқтисодист, бояд дар бинои Суди Олӣ ва бо ширкати озоди хабарнигорону афроди хоҳишманд баргузор шавад, дар акси ҳол, аз ширкат дар мурофиа даст хоҳам кашид", — навиштааст Зайд Саидов.

Ин нома рӯзи ҷумъаи 6 феврал тавассути намояндагони маҳкумшуда ба Суди Олӣ ирсол гардидааст.

Қарор аст, баррасии парвандаи дувуми Зайд Саидов 12 феврал оғоз шавад.

Соҳибкори зиндонӣ бо як даста иттиҳомот дар декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо Оҷонсии зидди фасод дар охири январи 2015 анҷом тафтиши як дасти иттиҳомоти дигари иқтисодиро алайҳи ӯ эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0