Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд

2
(Таҷдидшуда 11:10 10.02.2015)
Маъмурони пулиси вилояти Маскав ду қочоқчиро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, боздошт карданд. Ҳангоми бозрасӣ аз боздоштшудагон 10 кг маводи машкуке пайдо карда шуд, ки коршиносон онро ҳероин унвон карданд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Аз ду шаҳрванди Тоҷикистон маъмурони интизомӣ 10 кг ҳероин кашф ва мусодира карданд, хабар медиҳад БалтИнфо.

Ин афрод 7 феврал аз сӯйи маъмурони пулиси нақлиётӣ дар ноҳияи Ступино дар наздикии истгоҳи Жилево бо 9,7 кг маводди мухаддир боздошт шуданд. Рӯзи дигар, менависад хабаргузорӣ, бозрасӣ собит кард, ки маводди забтшуда аз атбоъи Тоҷикистон ҳероин аст.

"Қочоқчиён ба хотири гурез аз бозрасӣ қаторро на дар истгоҳи охирин, балки зудтар тарк карданд. Вале маъмурони интизомӣ ба чунин амр омода буданд ва боздошти ин афрод бидуни мушкиле сурат гирифт. Парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Қочоқи ғайриқонунии маводди мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, ки аз сӯйи гурӯҳи ҷиноӣ сурат гирифтааст" боз шудааст", — шарҳ дод манбаъи БалтИнфо дар ниҳодҳои интизомӣ.

Тибқи ин моддаи қонуни ҷиноӣ боздоштшудагонро ҳабси абад таҳдид мекунад.

2
Барчаспҳо:
боздоошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо 10 кг ҳероин, боздошти қочоқчиён, пулиси нақлиёт, Ступино, вилояти Маскав, Русия
Мавзуъ
Соли гузашта 14 корманди интизоми бо маводди мухаддир боздошт шуданд