Таппончаи Макаров. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як сокини Хатлон бо афюн ва таппонча

4
(Таҷдидшуда 16:14 10.02.2015)
Мутахассисон муайян намуданд, ки силоҳи мусодирашуда аз сокини 52-солаи Хатлон дар ҳолати корӣ қарор дорад ва вазни афюни кашфшуда қариб ним килограммро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар аз сокини 52-солаи ноҳияи Бохтӣари вилояти Хатлон як адад силоҳи оташфишони тамғаи "Макаров"-ро мусодира карданд, менависад сомонаи АНМН.

Масъулини ин ниҳод дар вилояти Хатлон маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 52-солаи ноҳияи Бохтар бо тахаллуси "Шерчангол", ки соли 2000 аз рӯи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ бо қарори суди вилояти Хатлон ба мӯҳлати 15 сол маҳкум шуда буд ва аз маҳбасхона озод шуд, ба таври ғайриқонунӣ соҳиби силоҳи оташфишон гардид.

"Ҳангоми дастгир намудан аз ӯ як адад туфангчаи  Макаров бо як тирдонаш дарёфт гардид. Тибқи хулосаи экспертизаи баллистикии РВКД вилояти Хатлон, туфангча дар ҳолати коршоям мебошад",- меафзояд манбаъ.

Ба қавли сарчашма, аснои кофтукови шахсӣ аз ӯ халтаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг, инчунин ҳашиш ошкор ва мусодира гардид. Инчунин, дар хонаи дастгиршуда, аз дохили бухории барқӣ боз як халта бо чунин мавод ошкор гардид. Тавре мутахассисони шӯъбаи экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он қариб ним килограмм мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

4
Барчаспҳо:
мусодираи маводи мухаддир, афюн, таппончаи Макаров, РВКД вилояти Хатлон, АНМН, Шерчангол, Бохтар, Хатлон, Тоҷикистон
Мавзуъ
АНМН аз Русия кӯмак гирифт
АНМН: ҳудуди 2,5 тонна маводи нашъадор мусодира гардид