Тоҷики 23-сола барои куштор дар метрои Маскав 12 сол ҳабс шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМетрополитени Маскав. Акс аз бойгонӣ
Метрополитени Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав аз рӯзи гузашта ба иҷро даромад.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки бо ҷурми даст доштан дар қатли як мусофири метрои Маскав гумонбар дониста мешуд, барои 12 сол равонаи зиндон гардид, иттилоъ медиҳад  дафтари матбуотии додситонии пойтахти Русия.

Ҳукми додгоҳи Лефортово рӯзи 12-уми феврал ба шеваи иҷро даромад.

Ба қавли муфаттишони парванда, моҳи декабри соли 2012 Фарҳодҷон Ҷӯраев ҳамроҳ бо як дӯсташ дар метрополитени Маскав ба тарафи "Дубровка" мерафтанд.

"Миёни Ҷӯраев ва як мусофири дигари қатор ҷанги лафзӣ сурат гирифт. Аввалӣ аз кисааш кордро бароварда, ба тани мусофир 6 маротиба мезанад. Зимни интиқоли ҷабрдида ба касалхона ӯ аз олам даргузашт",- омадааст дар хабар.

Додгоҳ Фарҳодҷон Ҷӯраевро дар қатли одам муҷрим шинохта, ӯро ба муддати 12 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард.

 

Лентаи хабарҳо
0