Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ёров: "Ҷалолиддин Маҳмудов айбро қисман ба дӯш гирифт”

12
(Таҷдидшуда 13:57 13.02.2015)
Вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов бо ӯ дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ сӯҳбат кардаанд. Ба қавли онҳо, нафари таҳти ҳимояташон гуфтааст, худро қисман айбдор мешуморад.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов мегӯянд, нафари таҳти ҳимояташон "қисман" худро гунаҳкор медонад, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Бузургмеҳр Ёров, яке аз ду нафар вакилони Маҳмудов ба "Озодӣ" гуфтааст, ки рӯзи ҷумъаи 13 феврал бо нафари таҳти ҳимояташон дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) суҳбат кардаанд.

"Ҳамроҳ бо Барот Беков ба дидорбинии зерҳимояамон ба КДАМТ рафтем. Ҳангоми сӯҳбат Ҷалолиддини Маҳмуд гуфт, худро дар иртикоби ҷинояте, ки гумонбараш донистаанд, қисман айбдор мешуморад", — гуфтааст Ёров.

Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии ҲНИТ ва ҳамзамон аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ боздошт шуд.

Ба қавли Ёров, Маҳмудов ба ӯ тааллуқ доштани яке аз туфангчаҳои ёфтшударо тасдиқ карда ва аммо гуфтааст, "ҳеч дар ёд надорад, ки он солҳо туфангчаи дигаре дошта будааст." Ба ин далел, ба таъкиди Бузургмеҳр Ёров, зерҳимояашон танҳо мутааллиқ ба вай будани яке аз туфангчаҳоро бар дӯш гирифтааст.

Ҷаноби Маҳмуд гуфтааст, дар воқеъ, соли 1996, ҳангоми фаъолияташ дар Комиссияи оташбас барои муҳофизати ӯ як туфангча дода будаанд, аммо баъдан барои нобуд кардан онро ба дӯсташ Латиф Сардоров супурда буд. Ҷалолиддини Маҳмуд афзудааст, "бепарвоӣ аз сӯи вай сурат гирифт, ки имрӯз ин қазия пеш омадааст."

Аммо ба гуфтаи Ёров зерҳимояаш аз муносибати кормандони боздоштгоҳ розӣ аст ва ҳеч гуна шиканҷа ва бадрафторӣ дар нисбаташро мушоҳида накардааст.

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор карданд.

Ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, ки 22 сол боз узви ҲНИТ будааст, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо кардаанд.

Вакилони мудофеи Ҷалолиддини Маҳмуд мегӯянд, ҳоло бар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи нафари таҳти ҳимояташон парванда боз шудааст. Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти узви раёсати олии ин ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонии якуми мартро "аз қабл тарҳзрезишуда" ва "сиёсӣ" номида, хостори раҳоии ӯ шуд.

12
Барчаспҳо:
туфангча, нигаҳдорӣ, силоҳ, иттиҳом, айбдор, боздошт, КДАМ, ҲНИТ, КМИРТ, Барот Беков, Ҷалолиддини Маҳмуд, Бузургмеҳр Ёров, Душанбе
Мавзуъ
Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад