ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз борхалтаи варзишии як сокини бекори шаҳри Ғафуров маъмурони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир(ОМММ) ҳашт килограмм ҳероинро ошкор карданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ОМММ Тоҷикистон.
Ҳангоми боздошт ин фард тавзеъ дод, ки компютари хусусиашро барои таъмир мебарад. Борхалтаро боз карда, маъмурон дар дохили компютер 8 бастаи селофаниро пайдо карданд, ки дохилаш хокаи дорои бӯйи вижа буд.
Таҳқиқи коршиносон собит сохт, ки маводи забтшуда ҳудуди ҳашт килограмм ҳероин мебошад.
Дар бозпурсӣ фарди боздоштшуда иқрор шуд, ки ҳероинро аз шиносаш бо исми "Фурқат" гирифтааст. Маъмурон ин фардро мушшахас ва боздошт карданд ва рӯшан шуд, ки ин фард афсари ниҳодҳои интизомӣ дар унвони сарҳанг будааст.
"Афсари қочоқчӣ афроди бекорро пайдо карда бо кӯмаки онҳо ҳероинро ба хориҷи кишвар мунтақил мекард ва барояшон барои ин кор пардохти маблағи ҳангуфтро баъд аз анҷоми амалиёт ваъда медод",-омадааст дар хабари сарчашма.
Феълан таҳқиқот ошкор мекунад, ки сарҳанг аз кӣ ин миқдори бузурги маводи мухаддирро дарёфт кардааст.
Дар ин замина гурӯҳи таҳқиқотии Оҷонсӣ бар пояи моддаи 200 қисми 4 қонуни ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқи он идома дорад.
Бояд зикр кард, ки аз аввоили соли ҷорӣ ин дуввумин мавриди боздошти маъмурони ниҳодҳои интизомӣ барои мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир аст.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард
Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.
"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.