Мубориза бо ҷинояткорӣ

20% боло рафтани мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январ

4
(Таҷдидшуда 09:40 18.02.2015)
Оҷонсии омори кишвар ҳисоботи моҳонаи содиршавии ҷиноятро барои моҳи январ нашр кард ва бар тибқи он теъдоди аъмоли ҷиноӣ боло рафтааст.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шумори ҷиноёти ба қайд гирифташуда дар моҳи январ дар Тоҷикистон ҳудуди 20,5% зиёд шудааст, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо такя ба Оҷонсии омор.

Беш аз 2,2 ҳазор ҷиноят дар саросари кишвар дар моҳи январ ба мушоҳида расидааст. Ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд — 31,5%, вилояти Хатлон- 21,5%, шаҳри Душанбе- 21,9%, НТМ- 20,2 ва ВМКБ- 10%-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи сипаригардида дар ҷумҳурӣ 510 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуда, он дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 1 дарсад бештар аст.

Ҳамзамон, ришваситонӣ ва фасодкорӣ- 4,3%, куштор ва сӯиқасд ба куштор- 30% бештар гардида, дуздӣ- 1,7 маротиба, аз ҷумла дуздӣ аз манзили зист- 1,8 маротиба зиёд гардидааст.

Дар муқоиса ба моҳи январи соли 2014 теъдоди ҷиноёти марбут ба қочоқи нашъа 18,2 дарсад,  кам шуда, фиребгарӣ- 3,2%, ғоратгарӣ- 9,5 фисад ва авбошӣ- 15,8% кам шудааст.

Сатҳи ошкоркунии ҷиноёт дар моҳи январи соли равон ба 58,2 баробар гардид, ин рақам дар як соли пеш 56,2%-ро ташкил медод.  

4
Барчаспҳо:
боло рафтани мизони ҷиноёт, ҷинояткорӣ, Оҷонсии омор, ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон
Нож в руке, архивное фото

Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад

349
(Таҷдидшуда 15:57 21.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 59 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки сӯи писарони амакаш корд кашида захмӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ миёни писарони амак хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВУД, дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 22-юми октябр, дар кӯчаи А. Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.

Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд

"Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писараамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбат ба номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

349
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, боздошт, кордкашӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

416
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

416
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Рустам Эмомали прибыл с визитом в Москву

Даст пеши бар гирифта: саломи тоҷиконаи Рустами Эмомалӣ дар замони пандемӣ дар Маскав

0
Дар замони пандемӣ, ки дар ҳама гуна мулоқотҳо ҷонибҳо кӯшиш мекунад, аз одати салом бо дастон худдорӣ намоянд, Рустами Эмомалӣ дар Русия саломи тоҷиконаро истифода кардааст: ӯ дар чанд маврид ҳангоми дидор даст пеши бар мегирад

ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Русия қарор дорад. 

Ин нахустин сафари сиёсатмадор ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ба ҳисоб меравад. Бар замми ин, сафар дар замони ҳамагирии коронавирус суръат гирифт. Дар замоне, ки бештари мулоқотҳои расмии байналмилаливу хориҷӣ тариқи тамоси видеоӣ анҷом меёбанд.

Тавре пештар иттилоъ дода шуд, дар ин бора раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко низ махсус қайд кард.

"Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст", - гуфт вай.

Тавре аз гузоришҳои аксиву видеоӣ дида мешавад, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳангоми аҳволпурсӣ даст пеши бар мегирад.

Ӯ ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Илёс Умархонов аз саломи тоҷикона истифода мекунад. Рустами Эмомалӣ ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Валентина Матвиенко низ даст пеши бар мегирад ва аҳволпурсӣ менамояд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали раиси Маҷлисро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, гуфтаанд, дар замони пандемӣ беҳтарин салом аст.

Аз дастфишории Трамп то меҳрубонӣ ба кӯдакон: саломҳои Раҳмон дар 25 соли президентӣ - акс

0