ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви ҲНИТ-ро барои дар озодӣ гузаронидани муҳлати тафтишот, рад кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Вакилони Маҳмудов аз болои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Додгоҳи Душанбе шикоят бурда буданд.
Ҳамин тавр, Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ, мушовири раиси ин ҳизб ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар давраи думоҳаи тафтишоти парвандааш, дар СИЗО хоҳад монд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Маҳмудов 20 феврал ба ин расона гуфтааст, додгоҳи Душанбе аризаи шикоятии онҳоро рад кард ва қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳабси думоҳаи зерҳимояашонро бетағйир гузоштааст.
Вакилони мудофеъ мегӯянд, 19 феврал дар пурсиши муфаттишони парвандаи Маҳмудов ширкат доштанд ва зерҳимояашон дар баёноти худ гуфтааст, ки бинобар ноором будани вазъият дар Душанбе дар солҳои фаъолияти Комиссияи муштараки оташбас, раиси Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик барои аминияташ ба вай тапонча додааст.
Ин узви ҲНИТ 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуд.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард
Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.
"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Владимир Ғуломҳайдаров, яке аз бозигарони барҷастаи таърихи футболи тоҷик, солгарди худро ҷашн мегирад.
"Пелеи тоҷик" рӯзи 26 феврал 75-сола шуд.
Sputnik Тоҷикистон панҷ дастовард ва хусусиятҳои беҳтарини Ғуломҳайдаровро дар давраи фаъолияти футболиаш гирд овардааст.
Владимир Ғуломҳайдаров муаллифи аввалин хет-трик дар таърихи тими овозадори "Помир"-и Душанбе мебошад. Инчунин, аввалин футболбози тоҷик, ки ба ҳайати дастаи олимпии СССР ҷалб шуда буд ва аввалин дастпарвари футболи тоҷик, ки бо задани гол ба тими мунтахаби Иттиҳод фарқ мекард.
Мухлисони ботаҷриба медонанд, ки сазовори унвони зарбазан аз ҷаримагоҳ шуданро бояд сазовор шуд.
Владимир Алексеевич Ғуломҳайдаров дар тӯли солҳои 1972-1977 зарбазани асосӣ аз ҷаримагоҳ дар "Помир"-и Душанбе буд. Ин барои футболбозе, ки дар тӯли фаъолияти пуршарафи худ дар "Торпедо" -и Маскав ва дар ҳайати дастаи олимпии СССР бозӣ кардааст, давраи азим аст.
Соли 1965 дар ҷараёни мусобиқаи "Истеъдодҳо" ӯро мураббии вақти "Динамо"-и Минск Александр Севидов мушоҳида кард.
Аммо, гузариш ба ин клуб сурат нагирифт, гарчанде ки ба хотири ин Ғуломҳайдаров ҳатто розӣ шуд, ки рӯи мизи ҷарроҳӣ равад.
Вай баъдтар дар ин бора нақл кард: “Як ҳафта пеш аз ба охир расидани ҷамъомади таълимӣ Севидов маро ба ҷои худ даъват карда, рӯзномаи “Советский спорт”-ро нишон дод, дар он рӯйхати тақрибан 40 футболбозро, ки клубҳо онҳоро манъ кардаанд, дар бар дошт, номи ман низ он ҷо буд.
Аммо Сан Санович бо як иқдоми маккорона баромад кард.
Кадомаш? Онҳо аз ман дар бораи аппендитсит пурсиданд. Дар аввал ман ҳатто маънои саволро нафаҳмидам. Маълум шуд, ки Севидов барои он, ки ман сабаби таъхир дар дастаашро дошта бошам, як амали ҷарроҳиро пеш овард.
Маро фавран ба беморхонаи Гагра оварданд ва аппендитситамро гирифтанд. Пас аз як моҳи амалиёт, Севидов умедвор буд, ки масъалаи ба "Динамо"-и Минск гузаштани маро ҳал мекунад. Ин натиҷа надод, аммо мураббӣ дар ман мардеро дид, ки барои футбол ба ҳама чиз омода аст - бе пул бозӣ кардан ва зери корд рафтан!"
Ҳанӯз соли 1968 Владимир Алексеевич Ғуломҳайдаров ба дастаи олимпии СССР даъват шуда буд.
То Ҷоми ҷаҳонии соли 1970 дар Мексика ду сол (730 рӯз бо мӯза)монда буд ва мебоист ин ҳама вақт чун сарбоз тамрин кард.
Владимир Ғуломҳайдаров дар пироҳани сурх бо ҳарфҳои "СССР" ду мавсим таҳти роҳбарии мураббиёни футболи Шӯравӣ Качалин ва сипас Гуляев бозӣ кард.
Аз ҷониби ҳайати мураббиёни дастаи олимпии СССР ба Владимир Ғуломҳайдаров ҳеҷ гоҳ дар бораи нерӯи варзишӣ ва тафаккури тактикӣ ҳеҷ даъвое нашудааст.
Вай яке аз онҳое буд, ки бо афсонаҳои футболи шӯравӣ ба мисли Эдуард Стрелтсов ва Игор Нетто баробар паҳлӯ ба паҳлӯ бозӣ мекард.
"Пахтакор" -и Тошканд барои дидани ӯ дар сафи худ, омода буд барои он замонҳо маоши афсонавӣ - 1000 рубл пардохт кунад.
Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки маҳз бо роҳбарии ӯ соли 1980 дастаи ҷавонони Тоҷикистон соҳиби Ҷоми мусобиқаи умумииттифоқии "Кроссинг" шуд ва бори аввал қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Ҳоло, инро бисёриҳо дар ёд надоранд ва медонанд, аммо ҳанӯз соли 1971 Владимир Алишоевич яке аз ташаббускорони даъвати футболбози барҷастаи шӯравӣ Эдуард Стрелтсов ба "Помир"-и Душанбе буд.