Портфель. Архивное фото

Парвандаи оҷонсӣ алайҳи як мудир барои "хӯрдан"-и пули буҷа

15
(Таҷдидшуда 14:08 23.02.2015)
Ин ниҳод мегӯяд, Мадалиевро дар “сӯистифода аз мансаб” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешуморад.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Додситонии вилояти Суғд алайҳи Сайҳун Мадалиев, мудири Маркази назорати давлатии санитарию вогиршиносии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парванда боз кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин ниҳод мегӯяд, Мадалиевро дар "сӯистифода аз мансаб" ва "сохтакорӣ" муттаҳам мешуморад.

Муҳсин Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохиили Суғд гуфтааст, "Мадалиев моҳи марти соли 2014 ба вазифаи мудири Маркази беҳдоштии ноҳияи Ғафуров таъин шуда, аз он замон ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷаи давлатиро аз худ кардааст."

"Вай бо амрҳои ғайриқонунӣ 5 корманди шӯъбаи безараргардонии Маркази вогиршиносиро ба иҷрои дигар вазифаҳо ҷалб намуда, ба буҷаи давлат 21 ҳазору 734 сомонӣ зиёни молӣ расондааст. Ҳамчунин, вай моҳи марти соли 2014 донишҷӯи соли сеюми яке аз донишгоҳҳои Суғд ва як нафари дигарро бо ҳуҷҷатҳои сохта ба вазифаҳои ронанда ва безраргардонанда таъин кардаааст. Дар ҳоле ки онҳо чунин фаъолият надоштанд ва муздашон дар маҷмӯъ 4 ҳазору 270 сомонӣ буд", — мегӯяд Юсуфов.

Тибқи иттилои ин манбаъ, тафтиши аввалия муайян кардааст, Сайҳун Мадалиев бидуни тахассуси кории мувофиқ дар вазифаи мудири Маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз буҷаи давлатӣ 700 сомонӣ ва аз суратҳисоби махсуси корхонааш 3 ҳазор сомонӣ маош мегирифтааст.

Додиситонии Суғд алайҳи ин масъули маркази беҳдоштӣ мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 314, қисми 1 — "сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ" ва 323 — "Сохтакории хизматӣ" парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад. Замони тафтиш Мадалиев ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ дар озодӣ қарор доштааст.

15
Барчаспҳо:
21 ҳазору 734, зарар, барзиёд, музди меҳнат, буҷа, парванда, додситонии вилояти Суғд, Сайҳун Мадалиев, Муҳсин Юсуфов, Бобоҷон Ғафуров, Суғд
Мавзуъ
Ҳамаи муовинони Абдуфаттоҳи Ғоиб барканор шуданд
Оҷонсии фасод аз боздошти ду қаллоби “Барқи тоҷик” хабар медиҳад
Бахши омӯзишу парвариш фасодзадатарин арса дар Тоҷикистон аст
Руки в наручниках, архивное фото

Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

2228
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи парванда алайҳи як сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки худро корманди ин ниҳоди давлатӣ муаррифӣ карда, аз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) маблағ меситонидааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле нисбати Анвархӯҷа Нуриддинов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки номбурда худро корманди идораи мубориза ба коррупсия хонда, бо ҳар баҳона ба тасарруфи маблағи кормандони БДА вилояти Суғд машғул шудааст.

"Бино бар чунин кирдораш нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович бо аломати моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”, - гуфт сардори Раёсат.

Ба иттилоъи манбаъ, Нуриддинов Анвархӯҷа, сокини шаҳри Хуҷанд буда, феълан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Номбурда бо истифода аз телефони мобилӣ, худро ҳамчун корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз кормандони БДА маблағ меситонидааст.

Масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қаллобии сокини ноҳияи Айниро ошкор намудаанд, ки худро корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб намудааст.

"Забирхон Ҳамзазода, сокини ноҳияи Айнӣ буда, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Аммо ин шахс, худро ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, барои гуё тезтар ҳал карда додани маблағи кредит аз як сокини Хуҷанд 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда, қисме аз ин маблағро гирифтааст”, - гуфт Аваззода.

Зимнан нисбати ин сокини ноҳияи Айнӣ дар ду ҳолат бо моддаи моддаи 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад.

Ба суол дар бораи ин, ки чаро баъзеҳо аз номи “корманд” - и идораҳои давлатӣ даст ба қаллобӣ мезананд?, "ин ба табиати инсонҳо вобаста аст ва баъзеҳо воқеан ба дуруғгӯиву дуруғмақомдорӣ одат кардаанд. Аммо умри дурӯғ кутоҳ аст ва як рӯз не як рӯз ифшо мешавад. Инсонҳо бояд дар касбу кори худ ростгуй ва дасту дили пок дошта бошанд”, - посух дод Шараф Аваззода.

2228
Барчаспҳо:
БДА, корманд, коррупсия, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

“Махфӣ нест”: тафсилоти нави парвандаи “Бародарони мусалмон”

426
Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи 103 “ихвоние”, ки дар ҳоли баррасӣ аст, махфӣ намебошад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, парвандаи аъзои созмони “Бародарони мусулмон”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, махфӣ нест.

"Дар ин парванда 103 нафар ҳамчун судшаванда мегузаранд. Азбаски имконияти 103 нафар судшавандаро ба толори судии Суди Олӣ оварда, баррасӣ кардани парвандаи онҳо хеле кори сангин аст, зарур дониста шуд ин баррасиҳои судӣ дар муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ гузаронида шаванд”, - гуфт Шавкат Лутфуллозода.

Дар таъйиди суханони ӯ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, агар ба шакли махфӣ набошад, маълумот омода намуда, онро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой хоҳанд кард ва дар нишасти матбуотии оянда ҳатман маълумоти пурра хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам мешаванд.

14 июл Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда буд, ки парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба додгоҳ ирсол шудааст ва 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, дар кофтуков қарор доранд.

426
Барчаспҳо:
Шермуҳаммади Шоҳиён, Бародарони мусалмон, парванда, Тоҷикистон
Молоток судьи в суде, архивное фото

Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 17:22 06.08.2020)
Суди шаҳри Хуҷанд нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, ки худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия хонда аз мақомдорони давлатӣ бо ҳар баҳона пул меситонд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Суди шаҳри Хуҷанд дар рафти мурофияи додгоҳӣ се ҳолати қаллобии Нуриддиновро ошкор намуда, нисбати ӯ бар асоси Қонуни ҷинояии Тоҷикистон ҷазо таъин намудааст.

Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар ҷараёни маҷлиси судӣ таъкид шудааст, ки Нуриддинов Анвархӯҷа дар се ҳолат тариқи суҳбати телефонӣ худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз як раиси ҷамоат ва ду хизматчии давлатии дигар барои гуё ифшо накардани камбудиҳои кориашон ҷамъ 9,2 ҳазор сомонӣ ситонидааст.

"Ҳаракатҳои мардумфиребона тавассути суҳбати телефонӣ сурат гирифта, баъди ба мувофиқа расидан Нуриддинов ба ҳайси шогирд ва иҷрокунандаи супориши роҳбар ба назди ҷабрдидаҳо омада, маблағи маслиҳатшударо ба даст меорад. Ҳол он, ки нафари сеюм вуҷуд надошт ва нафари дар телефон суҳбаткарда низ, худи ӯ мебошад", - иттилоъ медиҳад Шарифӣ.

Боздошти кормади ҳукумати Кӯлоб аз суи Ожонси зидди фасод бо ҷурми заминфурӯшӣ

Судшаванда Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, сокини 26 солаи шаҳри Хуҷанд буда, ягон ихтисоси касбӣ надорад ва дар ҳеҷ куҷо расман кор намекунад. Ӯ моҳи марти соли 2019 дар асоси моддаҳои 11 ва 237 и Кодекси ҷиноӣ суд шуда нисбаташ бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди ҷарима тадбиқ шудааст.

Қаблан дар нишасти матбуотӣ Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле аз амалҳои ғайриқонунии ин сокини шаҳри Хуҷанд огоҳ шудаанд, ки ӯ худро корманди ниҳоди онҳо хонда ба ситонидани маблағи шаҳрвандон машғул шудааст.

Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд

Суди шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои айбдории Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдаровичро бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои "а" ва "в" - и  асноди ҷиноӣ баррасӣ намуда, нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар Калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ бо ҳуқуқи маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кардааст.

0
Барчаспҳо:
Ожонси зидди фасод, қалбакӣ, корманд, ҳукм, Хуҷанд, суд