Корд дар даст

Куштори як кӯдаки навзод аз дасти падар дар Ёқутистон

31
Мақомоти пулиси Ёқутистони Русия аз ҷинояти мудҳиши шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш духтарчаи думоҳаашро ба қатл расонидааст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон аз соли 2013-юм дар Нерюнгрии Ёқутистон иқомат дошта, тайи як соли охир бо як зани тоҷикистонӣ дар ақди никоҳ будааст ва ҷинояти мазкурро рӯзи 13 феврал анҷом додааст, иттилоъ медиҳад Tojnews.

"Ҳамсараш тайи ин муддат соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст ва ду моҳ пеш соҳиби духтарча мешаванд. Аммо муносибатҳо дар оила бад мешаванд ва занаш изҳор доштааст, ки аз ӯ ҷудо мешавад ва духтарчаро низ бо худ хоҳад бурд".

Аммо Содиқ, ки асосан сохтмону бозорҳо кор мекардааст, аз ин нияти занаш норозӣ шуда, рӯзи 13-уми феврал замоне, ки ҳамсараш ба мағоза рафтааст, духтарчаи думоҳаи худро 6 корд мезанад: "Ҳамсари Содиқ баъди бозгашт ва дидани ҳол дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ мешавад. Худи Содиқ дар хона маъмурини пулисро интизор шуда, далели шайъиро ба онҳо ироа кардааст".

Ба иттилои маъмурини пулис Содиқ ба онҳо изҳор доштааст, ки ба ҳамин васила хостаст, аз ҳамсараш қасос гираду духтарашро ба дасти ӯ надиҳад.

"Феълан алайҳи ин ҷавони тоҷик ба иттиҳоми куштори тифл, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои муттаҳам ташхиси равонӣ таъин шудааст".

Иттиҳоме, ки аз рӯи он алайҳи Содиқ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, ҷазо дар шакли ҳабси якумраро пешбинӣ мекунад.

 

31
Барчаспҳо:
падар духтарчаашро кушт, қатл бо корд, куштори кӯдаки навзод, Содиқ, Тоҷикистон, Русия, Нерюнгрий, Ёқутистон
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад

263
(Таҷдидшуда 12:42 22.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар бораи ҳодисаи мазкур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.

Ин мард шикоят кардааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40, дар дохили хобгоҳи "Текстил", воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст.

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

263
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, кордкашӣ, Душанбе, дашном, дашном
Арест, архивное фото

Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард

321
(Таҷдидшуда 19:29 17.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини 27 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.

Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

321
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, Исфара, боздошт
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

0
(Таҷдидшуда 11:03 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

0
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон