сафҳаи Facebook. Шӯҳрат Қудратов

“Озодагон”: мурофиаи Қудратов дар Додгоҳи олӣ оғоз мешавад

16
Зойиров гуфтааст, шурӯи баррасии шикоят дар соати 10:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии шикояти кассатсионии ҳуқуқшинос — Раҳматилло Зойиров дар иртибот ба парвандаи Шуҳрат Қудратовро оғоз мекунад, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Зойиров гуфтааст, шурӯи баррасии шикоят дар соати 10:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

13 январи соли равон Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ — 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон кард.

Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ — қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт.

Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.

Ин ҳукм вокуниши шадидеро миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷрияро дар он калидӣ хонданд. Ба дунбол, рӯзи 21 январ Раҳматилло Зойиров аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.

16
Барчаспҳо:
пора, қаллобӣ, 9 сол, зиндон, ҳукм, мурофиа, шикоят, баррасӣ, Додгоҳи олӣ, Раҳматилло Зойиров, Шуҳрат Қудратов, Душанбе
Нож в руке, архивное фото

Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад

349
(Таҷдидшуда 15:57 21.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 59 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки сӯи писарони амакаш корд кашида захмӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ миёни писарони амак хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВУД, дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 22-юми октябр, дар кӯчаи А. Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.

Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд

"Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писараамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбат ба номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

349
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, боздошт, кордкашӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

416
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

416
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Пачка долларов

Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 24 сола

0
(Таҷдидшуда 12:00 26.11.2020)
Мақомоти милистияи Суғд нисбати як ҷавони 34 сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нафари дастгиршуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, бар хилофи қонун, мошинашро бо асъори хориҷӣ (доллар) ба фурӯш гузоштааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Як сокини 34 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гирифтани 4 000 доллари амрикоӣ, ки қисме аз арзиши мошинаш аст аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст.

“Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23 ноябр автомашинаи Mercedess-Benz -ро дар тавқифгоҳи воқеъ дар шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 11 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз хариддор 4 ҳазор долларро ҳамчун аванс гирифтааст”,- гуфт Шарифӣ.

Котиби матбуоти РВКД Суғд мегуяд, оиди ин ҳолат нисбати дасгир шуда бо моддаи 286 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтиши онро прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш мебарад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 бо қабули Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” савдо бо пули хориҷӣ аз ҷумла доллар дар ҳудуди кишварро манъ намудааст.

Масъулини Бонки миллӣ дар шарҳи қабули қонуни мазкур иброз медоранд, ки савдо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди кишвар, латма ба қурби пули миллӣ мезанад.

0
Барчаспҳо:
фурӯхтан, мошин, доллар, дастгир, Тоҷикистон