Нашъа. Акс аз бойгонӣ

Дар шимоли Тоҷикистон беш аз 5 кило маводи нашъадор мусодира гардид

6
(Таҷдидшуда 19:03 11.03.2015)
Аснои баргузории як амалиёти мақомоти қудратӣ дар навоҳии Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд сокинони таҳҷойӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида, аз онҳо дар маҷмӯъ беш аз 5 кило нашъа мусодира шуд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рӯзи 10 март дар шимоли кишвар аснои як амалиёти муштарак мақомоти пулис беш аз 5 кило маводи мухадираро кашфу мусодира карданд, иттилоъ медиҳад сайти ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ   дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Маликасрор Наҷмиддинови 28-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор  дастгир гардид. Дар вақти  кофтукови  шахсӣ аз ӯ 588 ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз, дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳрвандон- Ҳасан Носирови 39-сола ва  Бурҳонназар Назирови 41-сола, сокинони ҳамин ноҳия дастгир гардиданд. Дар вақти  кофтукови шахсӣ аз онҳо 3 килою 870 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 685 грамм бангдона дарёфт ва мусодира  карда  шуд.

Оиди далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

6
Барчаспҳо:
маводи мухаддира, боздошти нашъаҷаллоб, қочоқчиён, операция, ВКД ҶТ, Маликасрор Наҷмиддинов, Ҳасан Носиров, Бурҳонназар Назиров, навоҳии Мастчоҳ ва Спитамен, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Душанбе беш аз 600 кило нашъа сӯзонида шуд
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид
Ҳукми додгоҳ дар Перм алайҳи 18 тоҷикистонӣ бо ҷурми қочоқи нашъа
Тоҷикистону Чин аснои амалиёт беш аз 180 кг нашъа мусодира карданд