Пули сомонӣ

Парвандаи Оҷонсии фасод барои қаллобии корманди бонк

42
Корманди бонк бо истифода аз эътимоди муштариён, наздики ним миллион сомониро рабудааст.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як корманди ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" наздики ним миллион сомонии муштариёнро дар ноҳияи Ҷиргатол аз худ кардааст, иттилоъ додааст сомонаи Оҷонсии зидди фасод.

Мухтор Абдураҳмонов, масъули Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Аввалин бонки молиявии хурд" дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 437 ҳазору 395 сомонии муштариёнро тасарруф кардааст, менависад сомона.

Абдураҳмонов аз моҳи августи соли 2014 то моҳи январи соли 2015 ба боварии 29 нафар сокини Ҷиргатол, ки аз намояндагии ин бонк дар ноҳия маблағҳои гуногуни кредитӣ гирифта буданд, даромадааст. Вай аз муштариён бештар аз 465 ҳазор сомонӣ маблағҳои асосии қарзҳои бонкӣ ва фоизҳоро ҷамъ намуда, зиёда аз 282 ҳазор сомонии онро ба хазинаи бонк ворид карда, маблағи боқимондаро баробар ба бештар аз 437 ҳазор сомониро тасарруф намудааст.

Нисбат ба ин амали Абдураҳмонов бо аломати моддаи 247 қисми 4 банди "б" (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин аввалин ҳодисаи аз худ кардани маблағи муштариён аз ҷониби масъулини бонкҳои Тоҷикистон нест. Аз ҷумла Раҳмат Аюбов, сардори пешини филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҳудуди 300 ҳазор доллар маблағи пасандозӣ мизоҷони ин бонкро аз зуд карда, фирор карда буд.

42
Барчаспҳо:
маблағи қарзӣ, сокинон, "қаллобӣ", Оҷонсии зидди фасод, "Аввалин бонки молиявии хурд", Мухтор Абдураҳмонов, Ҷиргатол