Задержание. Архивное фото

Се мансабдор барои ҳамкорӣ бо “нашъаҷаллобон” боздошт шудаанд

39
(Таҷдидшуда 12:21 02.04.2015)
Оҷонсии назорати маводи нашъаовар аз боздошти се мансабдор бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо нашъаҷаллобон хабар дода, аммо исми онҳоро ошкор накардааст.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти се мансабдор дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар сӯиистифода аз мансаб ва ҳамдастӣ дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд, навиштааст сомонаи ин ниҳод.

Ин се мансабдори давлатӣ бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат менамуданд.

Ҳамдастии мансабдорон дар қочоқи маводи мухаддир баъди он ифшо гардид, ки моҳи августи соли 2014 дар фурудгоҳи "Емеляново"-и шаҳри Красноярск аз шаҳрванди Тоҷикистон 3 кило героин дарёфт ва мусодира шуд.

"Барои ифшо кардани дастандаркорони дигар аз ҷониби Додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи моддаи 322 қ.1 КҶ ҶТ ("Хунукназарӣ") парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки се мансабдор дар Душанбе бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар ба шаҳри Красноярск мусоидат менамудаанд", — навиштааст сомона.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло алайҳи боздоштшудагон аз тарафи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бар асоси моддаи 289 қ. 2 "("Қочоқ") парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дафтари матбуоти агентӣ аз овардани ному насаб ва мансаби афроди боздоштшуда худдорӣ карда, онро ба номаи охири Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди муттаҳам арзёбӣ кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон 30 марти соли равон бо ирсоли як нома ба унвони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ хостааст, то замони тасдиқи гуноҳи айбдоршавандаҳо аз тарафи додгоҳ, ному насаби онҳоро ошкор накунанд. Дар ин номаи далели ин иқдом, дар нигоҳ доштани обрӯ ва шаъну шарафи баъзе аз афроди боздоштшуда арзёбӣ мешавад, ки дар раванди тафтишот бегуноҳии онҳо собит гардида, раҳо мешаванд.

Додситонӣ навишта буд, ки вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

39
Барчаспҳо:
хунукназарӣ, додситонӣ, махфӣ, ном, ҳамкорӣ, фурудгоҳ, 3 кило, мансабдор, боздошт, Додситонии нақлиёти Тоҷикистон, Додситонии кулли Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Красноярск, Тоҷикистон, Русия
Задержание пранкеров в Душанбе

Боздошти "пранкерон": ҳабси Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконаш - видео

599
(Таҷдидшуда 17:07 07.08.2020)
Кормандони мақомоти милитсияи Душанбе дар асоси муроҷиати шаҳрвандон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, пранкерон Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконашро боздошт кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Чанде пеш дар ютуб-шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд.

Бино ба гузориши Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати чунин блогерон чораандешӣ карда шавад.

Дар паи санҷиши РВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардидааст, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст.

Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст.

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 07.09.1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қуштеппа, Мирзоев Дилшод Нодирович соли таваллудаш 25.06.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳотӣ Лоҳур, деҳаи Гулисой ва Солеҳзода Фарҳод Файзулло соли таваллудаш 12. 10.1992. истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Ҳасан-Ҳусейн, деҳаи Тилло Солеҳ дастгир ва нисбаташон чораандешӣ карда шуд.

Задержание пранкеров в Душанбе
Задержание пранкеров в Душанбе

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.

599
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

2240
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи парванда алайҳи як сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки худро корманди ин ниҳоди давлатӣ муаррифӣ карда, аз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) маблағ меситонидааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле нисбати Анвархӯҷа Нуриддинов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки номбурда худро корманди идораи мубориза ба коррупсия хонда, бо ҳар баҳона ба тасарруфи маблағи кормандони БДА вилояти Суғд машғул шудааст.

"Бино бар чунин кирдораш нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович бо аломати моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”, - гуфт сардори Раёсат.

Ба иттилоъи манбаъ, Нуриддинов Анвархӯҷа, сокини шаҳри Хуҷанд буда, феълан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Номбурда бо истифода аз телефони мобилӣ, худро ҳамчун корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз кормандони БДА маблағ меситонидааст.

Масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қаллобии сокини ноҳияи Айниро ошкор намудаанд, ки худро корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб намудааст.

"Забирхон Ҳамзазода, сокини ноҳияи Айнӣ буда, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Аммо ин шахс, худро ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, барои гуё тезтар ҳал карда додани маблағи кредит аз як сокини Хуҷанд 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда, қисме аз ин маблағро гирифтааст”, - гуфт Аваззода.

Зимнан нисбати ин сокини ноҳияи Айнӣ дар ду ҳолат бо моддаи моддаи 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад.

Ба суол дар бораи ин, ки чаро баъзеҳо аз номи “корманд” - и идораҳои давлатӣ даст ба қаллобӣ мезананд?, "ин ба табиати инсонҳо вобаста аст ва баъзеҳо воқеан ба дуруғгӯиву дуруғмақомдорӣ одат кардаанд. Аммо умри дурӯғ кутоҳ аст ва як рӯз не як рӯз ифшо мешавад. Инсонҳо бояд дар касбу кори худ ростгуй ва дасту дили пок дошта бошанд”, - посух дод Шараф Аваззода.

2240
Барчаспҳо:
БДА, корманд, коррупсия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0