Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Ширкати Шаҳбол тариқи “Скайп” дар мурофиа судӣ

12
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи тоҷик 15 апрел барои бори аввал дар мурофиаи парвандааш тариқи “Скайп”(интернет) ширкат кард. Мурофиа дар Душанбе гузашт ва Шаҳбол аз бемористоне дар Хуҷанд ба он пайваст.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи Сарраёсати марзбонии КДАМ рӯзи чоршанбеи 15 апрел аз тариқи "Скайп" ба мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе пайваст, менависад "Радиои Озодӣ".

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол, қабл аз мурофиа ба радио гуфтааст, ин иқдом ба хотири рафъи шубҳаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди беҳбуди саломатии Шаҳбол ва идомаи табобати вай амалӣ хоҳад шуд.

"Мо гуфтем, ки Шаҳбол сиҳат шуда истодааст ва бояд табобати вай давом ёбад. Аммо онҳо шубҳа доранд. Имрӯз бигузор онҳо ба воситаи "Скайп" бо Шаҳбол сӯҳбат кунанд ва аҳволи вайро бо чашмони худ бубинанд", — афзудааст Ҷӯраев.

Хабарнигори "Озодӣ", ки дар ин мурофиа ширкат доштааст, мегӯяд, бо он ки Шаҳбол дар бистари беморӣ ва хастаҳол буд, аммо ба суолҳои матраҳшуда ба ӯ аз толори мурофиа, посух дод. Шаҳбол зарари моддӣ ва маънавии ворида ба худро таъйид кард ва аз додгоҳ хост, то маблағи он пардохта шавад. Зеро он гуна, ки падари Шаҳбол гуфта буд, писараш ҳанӯз ҳам ба табобат ниёз дорад.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ки аз Хуҷанд ба Душанбе ҷиҳати ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ омада буд, гуфт, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба он хотир сиҳат шудани Шаҳболро зери шубҳа бурдаанд, ки идомаи табобати вайро нозарур хонанд. Ба гуфтаи вай, ҷиҳати рафъи ин шубҳа қарор шуд, Шаҳбол тавассути "Скайп" барои бори аввал дар мурофиаи парвандааш ба хотири рӯёнидани зарарҳои моддиву маънавӣ дар додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе, иштирок кунад.

Ҳоло Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи дармонпизишкии Хуҷанд (физлечебнитса) таҳти табобат қарор дорад.

24 декабр нахустин мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев бо Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бинои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо даъвои пардохти 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ баргузор шуда буд.

Зоиршоҳ Назиров, ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар нахустин мурофиа гуфта буд, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Ӯ дар ин робита гуфта буд, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд. Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунад, чун фарзанди зерҳимояи ӯ, аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст.

Назиров ҳамзамон гуфтааст, ки Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов 3000 сомонӣ ва сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҳаҷми 2230 сомонӣ ба Шаҳбол кӯмаки якдафъина расонидаанд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона барои адоихидмати ҳарбӣ рафта буд. Вай шоми 8 марти соли 2014 аз ҷониби як ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

19 июни соли гузаштаи 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор донист ва нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ, Гулрухсор Ширинова — навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 —ро низ гунаҳкор донист ва рӯёнидани даҳ дарсади маоши яксолаашро ба фоидаи давлат таъин кард.

12
Барчаспҳо:
зарари ҷисмонӣ, зарари маънавӣ, табобат, "Скайп", ҷароҳати ҷисмонӣ, сарбоз, ширкат, даъво, хизмати ҳарбӣ, мурофиа, додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, Сарраёсати марзбонии КДАМ, Нӯъмон Мирзоев, Дилшод Ҷӯраев, Шаҳбол Мирзоев, Ашт, Душанбе
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

256
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

256
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4977
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4977
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото

Ғорати дӯкони заргарӣ дар Душанбе: гумонбар дастгир шуд

0
(Таҷдидшуда 18:16 03.06.2020)
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ дар дӯкони заргарӣ дар Душанбе хабар медиҳад. Мақомот ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

"Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

0