Тифли навзод дар дасти модар. Акс аз бойгонӣ

Боздошти зану шавҳар бо иттиҳоми фурӯши фарзанд

21
Зану шавҳар маслиҳат карда, дар назди дарвозаи зоишгоҳи пойтахт кӯдаки навзодашонро ба як зан аз шимоли кишвар фурӯхтанд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Кормандони милиса дар Душанбе зану шавҳарро, ки бо гумони фурӯши фаразандашон муттаҳам дониста мешаванд, боздошт карданд, менависад сайти Вазорати умури дохила.

Марди 28-сола ва зани 24-сола маслиҳат карда, моҳи июни соли 2013 дар пеши таваллудхонаи №2-и пойтахт тифли навзодашонро ба зани 41- сола, ки сокини шаҳри Чкаловск дониста шудааст, ба арзиши 5430 сомонӣ фурӯхтаанд.

Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷузъиёти қазия таҳқиқ мешавад.

21
Барчаспҳо:
бо 5430 сомонӣ, тифли навзод, фурӯши кӯдаки навзод, таваллудхонаи №2, ВКД ҶТ, Чкаловск, Тоҷикистон