Завлона

Боздошти сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми куштор

44
Як сокини ноҳияи Варзоб дар роҳ ба сӯи ноҳияи Ёвон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ кушта шудааст. Мақомот бо гумони қатли сокини ноҳияи Варзоб гумонбареро дастгир кардаанд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар робита ба қатли сокини 22-солаи ноҳияи Варзоб, ки аз захми корд рӯзи 14 апрел дар беморхона ҷон дод, гумонбаре  боздошт шудааст, менависад сомонаи ВКД.

Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилӣ, дар ин куштор сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешавад, ки дар пайи як амалиёти ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони пулис 16 апрел дастгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.

Рӯзи 14 апрели соли равон ронандаи 22-солаи мошини "Опел-Астра", сокини ниҳояи Варзоб, ки дар роҳ ба сӯи ноҳияи Ёвон мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтанд, ин сокини ноҳияи Варзоб рӯзи 14 апрел тахминан соатҳои 16:30 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ аз сӯи фарди ношиносе мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

"Бо корд як маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, баъдан ӯро аз дохили автомашина дар роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", — менависад сомона.

44
Барчаспҳо:
ҳалокат, беморхона, гумонбарӣ, боздошт, ронанда, Opel, сокини 22-сола, куштор, ВКД, Султонобод, Рӯдакӣ, Ёвон, Варзоб
Мавзуъ
Тоҷики 23-сола барои куштор дар метрои Маскав 12 сол ҳабс шуд
Куштори як кӯдаки навзод аз дасти падар дар Ёқутистон
Дар куштори руҳонии рус як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад
Подсудимая, архивное фото

Лату кӯб ва ғорати зани 42-сола аз ҷониби ду бону дар хонаи модараш

449
(Таҷдидшуда 15:26 26.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз лату кӯб ва ғорат шудани зани 42-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ин занро ду бону лату кӯб кардаву сипас ғорат намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 24 сентябр рух додааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда шикоят кардааст, ки санаи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа ӯро дар хонаи модараш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри мазкур ду нафар зан лату кӯб намуда бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилашро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 810-сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, Вазорат хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия занони 38 ва 43-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.

449
Барчаспҳо:
лату кӯб, ғорат, Душанбе, Ваҳдат
Певица Наргиз Закирова

Наргиз дар бораи Ефремов: ӯ бояд паси панҷара равад

628
(Таҷдидшуда 11:36 06.09.2020)
Ба гуфти Наргиз ӯ ҳунармандро то замоне дастгирӣ мекард, вале ӯ худро дар баррасии додгоҳӣ рафтори номуносиб кард

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сарояндаи машҳури Русия, Наргиз Зокирова рафтори ҳунарманд Михаил Ефремовро дар додгоҳ, ки парвандаи садамаи марговар баррасӣ мешавад, шарҳ дод.

"Вақте ман мебинам, ки ин ба як сафсатае табдил меёбад...Вақте ман мебинам, ки Михаил Ефремов нисбати хешовандони қурбоншуда муносибати дағалона мекунад, вақте мебинам, чигуна ӯ дар додгоҳ мешинад", - изҳор дошт Наргиз дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ.

Наргиз афзуд, ки Ефремов бояд барои куштори одам аз рӯи қонун ҷавоб гӯяд ва паси панҷара равад.

Ба гуфти ӯ барои вазъи саломатиаш худи ӯ ва наздиконаш масъул ҳастанд, на ҷомеъа.

"Оне, ки ӯ бемор аст, мушкили ҷомеъа нест, ин дар навбати аввал мушкили худи ӯст. Ва мушкили наздиконаш, ки ӯро иҳота мекунанд", - изҳор дошт сароянда.

Наргиз мегӯяд, рафти баррасии парвандаро мушоҳида дорад, гарчӣ наонқадар кори хушоянд аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 8 июн бо иштироки ҳунарманд Михаил Ефремов садамаи маргбор рух дод.

Ба гуфти мақомот, Ефремов сари чанбараки Jeep Grand Cherokee ба роҳи муқобил баромад ва бо худрави "Лада" бархӯрд. Ронандаи мошини истеҳсоли ватанӣ курери мағозаи интернетӣ - Сергей Захаров, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз ин ҳодиса кашамакашиҳои зиёде сар шуд: аввал ҳунарманд ба кори кардааш иқрор шуд, вале баъдтар ҳимоятгарони ӯ парвандаро ба таври дигар бурда, аз иқрори гуноҳ саркашӣ карданд.

Феълан Ефремов дар бандии хонагӣ қарор дорад, ба ӯ аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳукми ҳунарманд рӯзи 8 сентябр эълон хоҳад шуд.

628
Барчаспҳо:
ҳукм, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1548
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1548