Новорожденный. Архивное фото

Се нафар барои харидуфурӯши кӯдак боздошт шуданд

10
(Таҷдидшуда 12:28 21.04.2015)
Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми харидуфурӯши тифли навзод аз сӯи Вазорати умури дохилӣ боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду зан ва як марди муттаҳам ба харидуфурӯши тифли навзодро боздошт кардааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Вазорат мегӯяд, як сокини 47-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз модари 24-солае дар ҳамин ноҳия тифли навзодашро, ки духтарча будааст, ба қимати якуним ҳазор сомонӣ харида, талош кардааст, онро гаронтар фурӯшад.

"Санаи 18 апрел ин зани 47-сола бо марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми хариду фурӯши тифли навзоди мазкур барои сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба маблағи 5200 сомонӣ дастгир карда шуданд", — омадааст дар хабари Вазорати умури дохилӣ.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

10
Барчаспҳо:
5200 сомонӣ, парвандаи ҷиноятӣ, иттиҳом, боздошт, кӯдак, харидуфурӯш, ВКД, ноҳияи Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

256
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

256
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4977
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4977
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

0
(Таҷдидшуда 11:07 04.06.2020)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

0