Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Шарҳи ҳодисаи Рашт аз ҷониби ВКД ва КДАМ

13
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 5 май бо нашри изҳороти расмӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез алайҳи омӯзгорон ва мудири мактаби рақами 44 дар минтақаи Раштро тасдиқ карданд, навиштааст сомонаи ВКД.

Масъулони ин ду ниҳоди қудратӣ гуфтанд, ки се мактуби беимзоро рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ аз дохили мактаб дарёфт намудаанд.

Таҳқиқ нишон додааст, ин номаҳо кори ду хонандаи мактаби рақами 44 — Фарзонаи Туйчӣ (1998) ва Паймонаи Туйчӣ (2001) будааст, ки гӯё ба роҳбари мактаб Хайрулло Раҳимов ва омӯзгорон — Аҳмадҷон Нуралиев, Икромалӣ Бобиев ва Зебистон Шодиева хусумат доштаанд.

"Муайян карда шуд, воқеаи дар мактаби миёнаи №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии ду ноболиғ содир шудааст", — омадааст дар изҳорот.

Дар идома аз қавли ноболиғон оварда шудааст, ки хусумати доштаи онҳо ба далели роҳ наёфтанашон ба бозии волейбол дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва инчунин "эродҳои ҷиддӣ гирифтани роҳбари мактаб Раҳимов дар ҷамъомадҳои мактабӣ барои дер омаданашон нисбат ба падари ноболиғон — Шукуров Туйчӣ, ки ба ҳайси посбон ва модарашон Сангинова Назофат, ки ба ҳайси омӯзгор дар ҳамин мактаб кору фаъолият доранд, мебошад".

Масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, бинобар ин, хонандагони мактаб номаҳои таҳқиромез навишта, ба синфхонаҳо партофтаанд. Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Субҳи рӯзи 20 апрели соли ҷорӣ раиси деҳаи Камароби минтақаи Рашт Раҳматҷон Салимов ба расонаҳо хабар дода буд, ки шаби 18 ба 19 апрел як гуруҳ вориди мактаби 44 шуда, харита ва "газетаҳои деворӣ"-ро пора кардаанд ва инчунин номаи таҳдидомез барои муаллимаҳо ва мудири мактаб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, номанависон гуфтаанд, ин таҳдиди охирин аст ва агар муаллимаҳо ба фаъолияташон дар мактаб хотима набахшанд, ҷазои сахт дар интизорашон ҳаст.

Дафтари матбуоти ВКД ва КДАМ бо нашри як изҳорот ин ҳодисаро расман шарҳ доданд. Дар изҳороти аввалӣ гуфта мешуд, ки "кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ, хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Раҳимов Хуршед — Акрамова Зарифамоҳ, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзондааст".

Дар идомаи ин изҳорот гуфта мешуд, ки "17-уми апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23 то 24:00 ба мактаби миёнаи № 44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд".

13
Барчаспҳо:
мактаби 44, хонандагон, таҳдид, нома, изҳорот, КДАМ, ВКД, Фарзонаи Туйчӣ, Паймонаи Туйчӣ, Зебистон Шодиева, Икромалӣ Бобиев, Аҳмадҷон Нуралиев, Рашт
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

255
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

255
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4975
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4975
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

0
(Таҷдидшуда 02:18 28.05.2020)
Вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки эҳтимол дорад зиёд аз 50 дарсади неруҳои амниятии Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи Нию-Йорк Таймз, Вазорати дифои Амрико - Пентагон ба далели шуйюи коронавирус миёни неруҳои амниятии афғон, амалиёти муштарак ва омӯзиши низомиёни Афғонистонро мутаваққиф карда ва ин мавзӯъ амалиёти алайҳи неруҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ-ро таҳти таъсир қарор додааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, бо вуҷуди таваққуфи амалиёти низомии муштарак, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин кишвар алайҳи неруҳои террористӣ идома хоҳад дошт.

Мақомоти Пентагон бар ин боваранд, ки 50 дарсади низомиёни Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Тибқи оморе, ки мақомоти Афғонистон санаи 25 май нашр карда буд, дар ин кишвар, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт.

Он замон гуфта шуда буд, ки аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

0
Барчаспҳо:
густариш, вазорати дифоъ, эҳтимол, вирус, Амрико, Афғонистон