Ҳомиладорӣ. Акс аз бойгонӣ

Маблағситонии як зан дар Душанбе бо роҳи таҳдиди мардон

14
(Таҷдидшуда 17:17 15.05.2015)
Тафтиш муайян кард, ки зани ҷавон аз соли 2012 ба ин сӯ бо чанд мард муносибати маҳрамона доштааст. Пас аз ҳомиладор шудан ӯ аз мардҳои ҳамхобааш бо роҳи таҳдид пул мегирифтааст.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Як бонуи 26-сола, ки сокини пойтахт мебошад, бо ҷурми таҳдид ба мардон боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

"Ӯро кормандони милитсия дар асоси шикояти якчанд шаҳрванд ҳамчун гумонбар дар ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир намуданд",- омадааст дар хабар.

Манбаъ менависад, муайян карда шуд, ки зани гумонбаршуда тахминан аз соли 2012 то инҷониб бо якчанд мард шиносоӣ пайдо намуда, муддате муносибатҳои маҳрамона карда, дар давоми шиносоӣ ҳомиладор мегардад. Баъди фарзанд таваллуд намудан, ба тамаъҷӯӣ гузашта бо роҳи таҳдиди бе обрӯ сохтан аз «падаршавандаҳо»-и фарзандаш аввал хона талаб карда, сипас маблағи пулӣ гирифтааст.

Бо ин роҳ аз шаҳрванди Федератсияи Русия, марди 46-солаи сокини вилояти Смоленск маблағи 6000 доллари амрикоӣ, аз сокинони Душанбе, марди 39-сола 3000 доллари амрикоӣ ва аз марди 35-сола 500 доллари амрикоӣ талаб намуда гирифтааст.

Ҳамин тариқ, зани гумонбаршуда аз марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе низ маблағи пулӣ талаб кардааст.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

14
Барчаспҳо:
бо ҷурми таҳдиди мардиди мардон, боздошти як зан барои таҳдид, гумонбар, ВКД ҶТ, вилояти Саратови Русия, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
ВКД: боздошти ду нафар бо иттиҳоми истисмори шаҳвонӣ
Руки в наручниках, архивное фото

Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

2221
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи парванда алайҳи як сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки худро корманди ин ниҳоди давлатӣ муаррифӣ карда, аз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) маблағ меситонидааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле нисбати Анвархӯҷа Нуриддинов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки номбурда худро корманди идораи мубориза ба коррупсия хонда, бо ҳар баҳона ба тасарруфи маблағи кормандони БДА вилояти Суғд машғул шудааст.

"Бино бар чунин кирдораш нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович бо аломати моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”, - гуфт сардори Раёсат.

Ба иттилоъи манбаъ, Нуриддинов Анвархӯҷа, сокини шаҳри Хуҷанд буда, феълан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Номбурда бо истифода аз телефони мобилӣ, худро ҳамчун корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз кормандони БДА маблағ меситонидааст.

Масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қаллобии сокини ноҳияи Айниро ошкор намудаанд, ки худро корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб намудааст.

"Забирхон Ҳамзазода, сокини ноҳияи Айнӣ буда, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Аммо ин шахс, худро ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, барои гуё тезтар ҳал карда додани маблағи кредит аз як сокини Хуҷанд 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда, қисме аз ин маблағро гирифтааст”, - гуфт Аваззода.

Зимнан нисбати ин сокини ноҳияи Айнӣ дар ду ҳолат бо моддаи моддаи 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад.

Ба суол дар бораи ин, ки чаро баъзеҳо аз номи “корманд” - и идораҳои давлатӣ даст ба қаллобӣ мезананд?, "ин ба табиати инсонҳо вобаста аст ва баъзеҳо воқеан ба дуруғгӯиву дуруғмақомдорӣ одат кардаанд. Аммо умри дурӯғ кутоҳ аст ва як рӯз не як рӯз ифшо мешавад. Инсонҳо бояд дар касбу кори худ ростгуй ва дасту дили пок дошта бошанд”, - посух дод Шараф Аваззода.

2221
Барчаспҳо:
БДА, корманд, коррупсия, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

“Махфӣ нест”: тафсилоти нави парвандаи “Бародарони мусалмон”

426
Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи 103 “ихвоние”, ки дар ҳоли баррасӣ аст, махфӣ намебошад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, парвандаи аъзои созмони “Бародарони мусулмон”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, махфӣ нест.

"Дар ин парванда 103 нафар ҳамчун судшаванда мегузаранд. Азбаски имконияти 103 нафар судшавандаро ба толори судии Суди Олӣ оварда, баррасӣ кардани парвандаи онҳо хеле кори сангин аст, зарур дониста шуд ин баррасиҳои судӣ дар муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ гузаронида шаванд”, - гуфт Шавкат Лутфуллозода.

Дар таъйиди суханони ӯ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, агар ба шакли махфӣ набошад, маълумот омода намуда, онро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой хоҳанд кард ва дар нишасти матбуотии оянда ҳатман маълумоти пурра хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам мешаванд.

14 июл Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда буд, ки парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба додгоҳ ирсол шудааст ва 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, дар кофтуков қарор доранд.

426
Барчаспҳо:
Шермуҳаммади Шоҳиён, Бародарони мусалмон, парванда, Тоҷикистон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0