Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як сокини Душанбе бо 4 кило ҳероин

8
(Таҷдидшуда 17:21 15.05.2015)
Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз мошини ҷавони 22-сола маводи мухаддир дарёфту мусодира шуд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Кормандони милисаи шаҳри Душанбе сокини пойтахтро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи ҳероин дар ҳаҷми 4 кило боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.

Маводи мухаддир дар дохили нақлиёти шахсии ин ҷавон ошкору мусодира гардидааст.

"Ҳангоми тафтиши мошини тамғаи "Опел-Астра" 3 килову 940 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт шуд",- омадааст дар иттилоъи мазкур.

Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.

8
Барчаспҳо:
4 кило маводи мухаддира дарёфт шуд, ҳероин дар Душанбе, боздошти қочоқчӣ, ВКД, Сино, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боздошти як тоҷикистонӣ дар Маскав бо 70 кг ҳероин
Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд
Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ
Арест, архивное фото

Миёнарави фиребгар: боркаши "Рено"-ро фурӯхт ва 160 ҳазор сомониро ба соҳибаш надод

126
(Таҷдидшуда 15:09 02.07.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-солаи шаҳри Хуҷанд ба гумони қаллобӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 6-уми сентиябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи боркашии тамғаи “Рено”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифтааст.

Ожонси зидди фасод раиси хоҷагии деҳқониеро барои заминфурӯшӣ боздошт кард

ВКД дар идома ин қазия мегӯяд, марди қаллоб маблағҳои бадастовардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.

Манбаъ афзуда, кинНисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

126
Барчаспҳо:
ВКД, қаллоб, боздошт, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти марде, ки духтари ҷавонро таҳқир кард - акс

687
(Таҷдидшуда 16:32 14.06.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марди бадрафтор ва ҳақорачтӣ хабар додааст, ки чанд рӯз боз навори бадгӯияш дар интернет паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин мард дар паи шикояти духтари ҷавоне боздошт шудааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҷавонзани сокини ноҳияи Синои пойтахт бо ирсоли навори дағалгуфтории марди тақрибан 45-50 сола аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Навори мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

Муроҷиати мазкур таҳти баррасии фаврии милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсият ва сабаби сар задани ҳодисаи мазкур муайяну ошкор карда шуд.

"Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович соли таваллудаш 16.10.1975. сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Клара Сеткина бинои 12 мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои РВКД, дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда зимни партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К. Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст, ки боиси эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст.

Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович
Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович

 

Ҳамзамон маълум карда шуд, ки марди дастгиршуда, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, масъул ва назораткунандаи партовгоҳи кӯчаи мазкур будааст.

Манбаъ афзуда, ки феълан нисбати номбурда барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

687
Барчаспҳо:
таҳқиромез, таҳқир, боздошт, Душанбе

Олимон: паҳншавии бештари вируси корона дар фасли зимистон дар назар аст

0
(Таҷдидшуда 02:31 10.07.2020)
Таҳқиқоти нав таъйид мекунад сармои зимистон густариши вируси коронаро боз афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik.  Донишмандони Ҳиндустон эълон карданд, ки дамои сардтар дар зимистон ба афзоиши шуюи Ковиди-19 сабаб хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, коршиносони ҳинд дамои теъдоде аз кишварҳо ва мавориди вируси коронаи онҳоро бо якдигар муқоиса карданд ва ба хулоса расиданд, ки кишварҳои сардтар маъмулан шуюи вирус дар миқёси бузргтарро шоҳид будаанд.

Пужуҳишгарон таъкид мекунанд тобистон муносибтарин фасл ва замон барои мубориза бо ҳамагирии бемории Ковиди-19 аст.

Муҳақиқони Ҳинд робитаи байни миёнгини дамои як кишвар ва теъдоди мавориди мубтало ба Кувиди-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо иртиботи қобили таваҷуҳе байни кишварҳои бо дамои сардтар ва шуюи вирус масири корона дар миқёси бузургтар пайдо карданд.

Муҳақиқони ҳиндӣ додаҳои марбут ба ин пажуҳишро аз охири моҳи март то миёнаҳои апрел ҷамовари карданд ва дар ниҳоят дарёфтанд кишварҳое ,ки дорои тул ва арзи ҷуғрофиёи болотар дорои обуҳавои сардтаре ҳастанд, ба таври қобили таваҷуҳе беш аз дигар кишварҳо бо шуюи бемории Кувиди 19 дасту панҷа нарм мекунанд.

Донишмандон хотирнишон карданд, ки ҳамаи ин мушоҳидаҳо ҳоки аз он аст, ки дамои поин мункин аст як омили хатар барои афзоиши мавориди ибтило ба вируси корона бошад.

Онҳо афзуданд, бо ин ҳол дар ҳоли ҳозир ин мутолиа қодир ба тавзеҳи ин, ки чигуна бархе аз кишварҳои сард масир бо олудагии бештари корона рӯ ба рӯ нашудаанд, нест ва ба баррасиҳои бештаре иҳтиёҷ аст то аз ҷузиёти шуюи корона ба даст ояд.

0
Барчаспҳо:
Ҳиндустон, афзоиш, вирус, густариш, зимистон, таҳқиқот