Саҳифаи фейсбукӣ барои ҳимоя аз Шаҳбол Мирзоев

Сарраёсати КДАМ муваззаф шуд ба Шаҳбол 117 000 сомонӣ пардозад

5
(Таҷдидшуда 18:03 25.05.2015)
Бар асоси қарори мазкур, Сарраёсат муваззаф шуд, ки ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ-ро муваззаф кард, ки ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷруҳшудаи тоҷик, 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ пардохт кунад, менависад хабаргузории "Озодагон".

Ин қарорро Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомӣ рӯзи 25 май қироат кард.

Бар асоси қарори мазкур, Сарраёсат муваззаф шуд, ки ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Мирзоевҳо алайҳи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният, аз иддаои хонаводаи Шаҳбол ҳимоят кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ изҳор доштааст, ки зимни мурофиа иддаои хонаводаи Мирзоевҳо дар мавриди зарари моддию маънавӣ тасдиқи худро ёфтаанд. Айбдоркунандаи давлатӣ аз Зебунисо Саидова, раисикунандаи мурофиа дархост намудааст, ки даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев дар мавриди ҷуброни зарари моддию маънавӣ қисман қонеъ карда шавад. Аммо ӯ шарҳ надод, ки барои чӣ даъвои Мирзоевҳо пурра не, балки қисман қонеъ гардад.

Аммо ҷониби Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният дар сухани ниҳоияш аз додрас хост, парванда барои ҷуброни зарари моддию маънавӣ қатъ карда шавад, чун Сарраёсат тамоми хароҷоти табобати Шаҳболро дар беморхонаи Қарияи Боло пардохт намуда, ҳамаи уҳдадориҳояшро нисбати ин қазия иҷро кардааст.

Намояндаи Сарраёсат илова намуд, ки дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол — куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, "гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз — Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".

19 июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.

5
Барчаспҳо:
120 ҳазор сомонӣ, зарари моддию маънавӣ, қарор, мурофиа, додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, Сарраёсати марзбонии КДАМ, Шаҳбол Мирзоев, Ашт, Душанбе
Мавзуъ
Неруҳои марзбонӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда зарари маънавиро намепардозад