Додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов ситод ташкил шуд

32
(Таҷдидшуда 09:30 29.05.2015)
Дар Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳқиқи шароити нопадид шудани полковники Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ситоди махсус таъсис дода шуд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов бо ҷалби мутахассисони ВКД, Додситонии кулли Тоҷикистон ва КДАМ ситоди махсус таъсис ёфтааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода хабар додааст. Вай афзудааст, ки ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27-уми май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.

Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки субҳи 28-уми май афсарон ва сарбозони Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар садади пахши як изҳоротанд, ки дар он рафтори фармондеҳи собиқи ин ниҳод, полковник ё сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар паёме худро шарики гурӯҳи "Давлати исломӣ" номидааст, маҳкум карда мешавад.

Яке аз афсарон ба "Озодӣ" гуфтааст, вай ва ҳамхидматонаш баъд аз дидани навори видеоии Гулмурод Ҳалимов ба хулосае омаданд, ки рафтори Ҳалимов "хиёнат ба дину миллат ва ватан аст". Вай афзудааст, "аз сӯҳбати Ҳалимов дида мешавад, ки ӯ мағзшӯӣ ва бо маблағ худро ба ДОИШ фурӯхтааст".

Рамазон Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23-юми апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ба "Давлати исломӣ" пайвастааст ва бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.

Дар ин наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст.

Ин навор, ки бо ишораи "Фурот" ва сифати баланд таҳия гаштааст, рӯзи 27-уми май, дар ҳоле нашр мешавад, ки масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон мегуфтанд, қазияи нопадид шудани фармондеҳои ОМОН-и ҷумҳуриро пажӯҳиш мекунанд, вале дар бораи он ҳоло чизе гуфта наметавонанд. Дар зимн, пас аз чанд соати нашраш навори мазкур аз шабакаи YouTube пок карда шуд.

32
Барчаспҳо:
сарҳанг, пайвастан, аъмол, муштакар, таҳқиқ, ситод, ташкил, "ОМОН", "Давлати исломӣ", ВКД, прокуратура, КДАМ, Гулмурод Ҳалимов, Сурия, Тоҷикистон
Нож в руке, архивное фото

Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад

349
(Таҷдидшуда 15:57 21.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 59 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки сӯи писарони амакаш корд кашида захмӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ миёни писарони амак хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВУД, дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 22-юми октябр, дар кӯчаи А. Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.

Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд

"Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писараамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбат ба номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

349
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, боздошт, кордкашӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

416
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

416
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

0
(Таҷдидшуда 02:59 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

0
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон