Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукми ду соҳибкор барои пешкаши компютерҳои “пуч” ба мактабҳо

15
Ду ширкате, ки аз Фонд (Бунёд)-и захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон барои харидани компютер ба мактабҳо пул дарёфт карда буданд, ба дуздии ин пулҳо айбдор шуданд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон роҳбарони ду ширкатро бо ҷурми сирқати маблағҳои буҷа ба 10-солии зиндон маҳкум кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба радио гуфтаанд, Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов — роҳбарони ширкатҳои "Зулола" ва "Анӯшервон" — ба ҷурми дуздии пули Фонди раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам буданд ва 10 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Додгоҳи олӣ ин ду нафарро бо қисми чори моддаи 245 ва қисми сеи моддаи 294-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Ин ду модда ба масъалаи "аз худкуниву исрофкорӣ" ва "фиреби истеъмолкунандагон" марбут аст.

Таъмини мактабҳо бар пояи"Барномаи компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон аз соли 2011-2020" ҷараён мегирад. Ҳазинаи иҷрои ин барнома умдатан аз Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон пардохт мешавад. Ин ду ширкат ҳам дар пайи ғолиб шудан дар тендер мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғдро бо беш аз 100 компютер таъмин намудаанд.

Як масъули шуъбаи маориф дар ноҳияи Истаравшан, ки нахост номаш бурда шавад дар сӯҳбат ба "Озодӣ" ин хилофкориро тасдиқ кардааст.  

"Мо ин компютерҳоро қабул кардем гуфта имзо кардем. Ҳамааш дар дохили қуттиҳо буд. Баъдтар бинем, даруни компютерҳо "пуч" баромад, протсессораш як қуттии холӣ будаасту бас", — гуфтааст манбаи радио.

Хилофкориҳои ширкати "Зулола" ва "Анӯшервон" дар як санҷиши махсуси намояндагони Вазорати маориф, Додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия ошкор шудааст. Парвандаи мазкурро Додситонии вилояти Суғд пеш бурда, баррасии онро ба Додгоҳи олии кишвар вогузор кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ муаллимон ва ходимони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт ва Истаравшан ширкат кардаанд.

Киромиддин Назаров, роҳбари Маркази технологияҳои информатсионии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, хилофкориҳои ин ду ширкат қабл аз таъин шудани ӯ ба ин мақом сурат гирифтааст.

"Имсол аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон 1563 компютер дар маҷмӯъ ба мактаҳои кишвар ҷудо карда шудаанд. Аз ҳамин танҳо 408 компютер ба мактабҳои вилояти Суғд дода шуд. Барои тафтиши сифати ин компютерҳо як комиссияи вижаи иборат аз намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти қудратӣ ва маориф ташкил шуд. Дар рафти ин санҷиш ҳам боз камбудҳо ошкор шуданд", — гуфтааст Назаров.

Барномаи компютеркунонии мактабҳо дар Тоҷикистон қариб пурра ба иҷро расидааст, аммо бинобар маҳдудияти интиқоли барқ дар шаш моҳи сарди сол ба манотиқи кившар хонандагон аз омӯзиши компютер маҳруманд. Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши компютер аз синфи 7 шурӯъ шуда, то синфи 11 идома мекунад.

15
Барчаспҳо:
мактабҳо, компютерҳои "пуч", маблағи буҷа, 10 сол, зиндон, ҳукм, Додгоҳи олӣ, "Анӯшервон", "Зулола", Баҳодур Шарифов, Фирдавс Одинаев, Истаравшан, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

343
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

343
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Опустевшие дороги в городе Душанбе

Раёсати ВКД дар Душанбе: "Баҳриддинро облава набурдааст, ӯ талбандагӣ мекард"

260
(Таҷдидшуда 14:15 08.10.2020)
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вокунише нашр карда аз мардум хоҳиш кардааст, ки ҳар амали кормандони мақомоти қудратиро ба "Облава" рабт надиҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки муаллифи навор ҳодисаи мазкурро "ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)" шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

"Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо: Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд", - омадаатс дар хабарнома.

Ба иттилои онҳо, рӯзи  30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун "ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)" бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст.

ВКД мегӯяд, худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи "облава" паҳн намудааст.

Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

"Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи "облава" инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст".

Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба "облава" ягон рабт надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия ӯҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд.

260
Барчаспҳо:
ВКД, ВКД, "облава", Душанбе
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон