Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Пулис дар як рӯз 38 кило нашъа мусодира кард

5
Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҷанубу шимоли кишвар ду шаҳрвандро боздошт карданд, ки аснои кофтукоб аз онҳо миқдори зиёди маводи мухаддира дарёфт шуд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Кормандони пулис дар як рӯз аз сокинони Истаравшан ва Ҷилликӯл беш аз 37 кило маводи мухаддира дарёфту мусодира кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.

Аснои баргузории амалиёти вижаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 49-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.

"Ҳангоми кофтуков аз номбурда 26 килою 482 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1 килою 25 грамм ҳероин дарёфт ва мусодира гардид"- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Исфара, марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҷилликӯл, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд, ки аз ӯ 11-килою 89 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.  

Дар маҷмӯъ аз ҷониби кормандони пулис 38 килою 596 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

5
Барчаспҳо:
нашъа, қочоқи маводди мухаддир, пулис 38 кило нашъа пайдо кард, Вазорати умукри дохилӣ, Ҷилликул, Истаравшан, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кашфу мусодираи 75 кило нашъа дар бағочи худрави Lexus дар Душанбе
ВКД: беш аз 4 кило нашъа кашфу мусодира гардид
Арест, архивное фото

Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард

295
(Таҷдидшуда 19:29 17.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини 27 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.

Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

295
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, Исфара, боздошт
Арест. Архивное фото

Пули "Бонки Эсхата" -ро зада, терминалҳоро шикастанд: боздошти ду бародар ва рафиқашон

559
(Таҷдидшуда 13:13 13.01.2021)
Бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳамаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев баъди дуздии пайдарпайи терминалҳои пулгузаронӣ дар маҳаллаҳои Хуҷанд, оқибат ба дасти милитсия афтоданд

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Идораи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ироаи ин иттилоъ гуфт, нафарони боздоштшуда, ҳама сокинони шаҳри Хуҷанд буда, аз моҳи декабри соли гузашта то аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба ғорати терминалҳои пулгузаронӣ машғул шудаанд, ки дар ҳафт ҳолат аз 2760 то 12 000 сомониро дуздидаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавонон ин ҷиноятро шабона содир намудаанд.

"Гумонбарон дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва бо асбоби оҳании мехкашӣ сарпуши теминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ё кешкодро тасарруф намуда, баъди ба дасти овардани маблағи ҷамъшуда, таҷҳизоти пулқабулкунакро ҳамчун ашёи нолозим партофтаанд", - гуфт Шарифӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷуз дуздии маблағи терминалҳои мавҷудбуда дар маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28 - уми Хуҷанд ба соҳибмулкон "Бонки Эсхата" ва "Душанбе Ситӣ" зарари молумулкӣ расонидаанд.

Гумонбарон аз ҷумла санаи 14 декабри соли гузашта аз терминали назди мағозаи "Доро" воқеъ дар маҳаллаи 20 - уми Хуҷанд 7518 сомониро тасарруф намуда, дастгоҳи ҳисоб ва қабули пул, ки маҷмӯан 4950 сомонӣ арзиш дошт, шикаста корношоям кардаанд.

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳоло нисбати "иттифоқи сегона" бародарон Сайҳуни 28 - сола, бародараш Абдумаҷид Абдуманнонови 22 - сола ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраеви19 - сола, бар асоси моддаи 244 (дуздӣ ) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз намудааст.

559
Барчаспҳо:
Суғд, боздошти гумонбарон, боздошт, ғорат, Бонк
Горнолыжный спорт, архивное фото

Варзишгарони тоҷику ӯзбек ва қирғизу қазоқ дар Орловка мусобиқа мекунанд

0
(Таҷдидшуда 12:36 18.01.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи лижаронӣ Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

0
Барчаспҳо:
лижаронӣ, Қирғизистон, варзишгарони тоҷик