ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ашӯрмат Зарифӣ, сардори шуъбаи тафтиши Додситонии ҳарбии вилояти Суғд гуфтааст, натиҷаи аввалияи таҳқиқи тиббӣ ошкор кард, ки марги сарбоз Фирдавс Раҳматов дар натиҷаи лату кӯб фаро расидааст, менависад "Радиои Озодӣ".
"Вобаста ба содиршавии ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва тафтиши онро як гуруҳи таҳқиқотӣ пеш мебарад", — афзудааст Ашӯрмат Зарифӣ.
Додситони ҳарбӣ ҷузъиёти парвандаи кушта шудани Фирдавс, сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 0480, воқеъ дар Конибодом ва афроди гумонбар дар содиршавии ин ҷиноятро бо баргузории як нишасти хабарӣ баъди нимирӯзии 11 июн эълон хоҳад кард, менависад радио.
Волидайни Фирдавс гуфтанд, ки фарзандашон 7 майи соли 2015 ба сафи Артиш рафта, баъди 1 моҳи адои хидмати ҳарбӣ ҷасади беҷони ӯро нимашаби 7 — уми июн ба дасти онҳо супурданд.
Дилором Раҳматова, модари Фирдавс мегӯяд, намояндгони қисми ҳарбӣ сабаби марги писарашро "нафасгиршавӣ аз фурӯ рафтани забон бар асари офтобзанӣ" гуфтанд.
"Вале онҳо ба мо санади натиҷаи ташхиси тиббиро надоданд. Мо дар бадани писарамон нишонаҳои зиёди зарбу лат пайдо кардем. Аз рӯи онҳо эҳтимол, писарамро як гурӯҳ миёнагир карда, зада куштаанд", — гуфтааст модари сарбоз.
Ба гуфтаи Ғанӣ Раҳматов, падари сарбоз, замони шустани ҷасад дар бадани писараш изҳои зиёди зарбу лат ҳувайдо будааст.
"Мобайни гулӯяш ва тахтапушташ ҷароҳатҳо дошт. Пушти сараш даридагӣ буд", — афзудааст Ғанӣ Раҳматов.
Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматов пас аз як моҳи хидматаш замоне расонаӣ шуд, ки наздикони ӯ аксҳояшро бо осори зарбулати шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.
Қаблан Вазорати дифиои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои меҳтарсолорӣ ё сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Марде аз ноҳияи Файзобод ба боварии ҷавони 24 -сола даромада маблағи ӯро аз худ кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузорииимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Зани рус 11 шавҳарашро "зери хок" кард
Гуфта мешавад, ки ӯ, моҳи январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.
"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6897 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1507 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.
Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".