Завлона

Боздошти муфаттиши калони Норак бо иттиҳоми порагирӣ

19
Муфаттиш Мирзораҳмат Қаландаров нахуст аз шаҳрванд О. $5 ҳазор талаб кардааст, вале баъди он ки аз зиндагии сангини шаҳрванд О. дарак меёбад, ин маблағро ба $2 ҳазор мерасонад.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Мирзоҳиммат Қаландаров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак хабар дод, ки ҳамчун шахси мансабдор даст ба порагирӣ задааст, менависмад хабаргузории "Озодагон".

Қаландаров барои ифтитоҳ накардани парвандаи ҷиноӣ, алайҳи писари шаҳрванд О. ки дар латукӯби як зан муттаҳам мешудааст, нахуст 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст.

"Баъдан вақте вазъи мушкили молии шаҳрвандро дидааст, ин маблағро то 2 ҳазор доллари амрикоӣ поин фаровардааст", — аз қавли оҷонсӣ менависад хабаргузорӣ.

Муфаттиши калони прокуратураи Норак рӯзи 18-уми июн ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд О. дастгир шудааст.

"Алайҳи Қаландаров аз рӯи моддаи 319, гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад", — хабар додааст оҷонсӣ.

19
Барчаспҳо:
5 ҳазор доллар, иттиҳом, порагирӣ, боздошт, муфаттиши калон, прокуратураи шаҳри Норак, Мирзоҳиммат Қаландаров, Норак
Нож в руке, архивное фото

Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад

349
(Таҷдидшуда 15:57 21.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 59 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки сӯи писарони амакаш корд кашида захмӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ миёни писарони амак хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВУД, дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 22-юми октябр, дар кӯчаи А. Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.

Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд

"Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писараамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбат ба номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

349
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, боздошт, кордкашӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

416
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

416
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 11)

Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ мекунад: навори маросими хайрбод

0
Дар Буэнос - Айрос маросими видоъ бо ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадона, ки дар синни 60 - солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, баргузор мегардад

Ҷасади футболбози ҷаҳониро ба қасри президенти Аргентина интиқол доданд ва садҳо нафар ҳаводорони ҳунари Марадона дар интизори видоъ бо ӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, аз соати 6 - и субҳ ҳукумат барои тамоми хоҳишмандони видоъ бо Диего Марадона роҳро боз намуданд. Интизор меравад, ба маросими хайрбодӣ миллионҳо нафар ҳаводорони ситораи футбол ҳузур пайдо кунанд.

Зимнан, кишвардори Аргентина дар робита ба марги Диего Марадона дар сартосари кишвар мотами серӯза эълон кард.

Хабари марги Марадона бегоҳи рӯзи 25 - уми ноябр дар сархати расонаҳои хабарӣ пайдо шуд. Хабаргузории TN иттилоъ дод, ки Марадона чанде пеш ҷарроҳии фаврӣ паси сар карда буд.

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт дод. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30- юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

0
Барчаспҳо:
навор, маросими видоъ, Диего Марадона